Дар назарияи мурофиаи ҷиноятӣ нисбати аҳаммияти назариявӣ, ҳуқуқӣ ва амалии пешбурди амалҳои тафтишотӣ ва дар радифи онҳо андешида шудани чораҳои мурофиавӣ, ки ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шабоҳат доранд, мутобиқ ба талаботи замони ҳозира дар пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ андешаҳои гуногун баён шудаанд, лекин бартараф карда шудани норасоии ташкилӣ ва мушкилоти татбиқи онҳо, ки дар амалия ҷой дорад, айни ҳол ҳалли худро наёфтаанд.
Бо назардошти ин, дар адабиёт кӯшиш ба харҷ дода шуда истодааст, ки масъалаҳои марбут ба танзимоти меъёрӣ-ҳуқуқии амалҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои шабеҳи оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, таснифоти низоми онҳо, муҳиммияти онҳо дар иҷрои вазифаи саривақт ва пурра кушодани ҷиноят ва ноил шудан ба ҳадафҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳалли асосноки худро ёбанд. Масъалаҳои такмил дода шудани қоидаҳои пешбурди амалҳои тафтишотӣ ва ҷамъоварии далелҳо, истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ, зарурат ва имкониятҳои пешбурди амалҳои ғайриошкорои тафтишотӣ, гирифтани иттилооти рақамӣ тавассути пешбурди азназаргузаронӣ ва кофтукови фосилавӣ дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқон ватанӣ ва хориҷӣ қарор гирифтаанд, лекин ба низом, танзимоти ҳуқуқӣ, таъмини самаранокӣ ва натиҷаҳои чораҳои мурофиавие, ки ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шабоҳат дошта дар радифи амалҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд, вобаста ба мушкилоти амалияи пешбурди тафтишоти ҷиноят баҳои муносиби ҳуқуқӣ дода нашудааст.
Имкониятҳои пешбурди чораҳои мурофиавии шабеҳи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар радифи амалҳои тафтишотӣ, масоили танзимоти ҳуқуқӣ, шабоҳати амалҳои амалҳои мурофиавии ҷиноятӣ бо чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, шабоҳати амалҳои тафтишотӣ ва чораҳои мурофиавии шабеҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, қаробат ва фарқияти онҳо, инчунин ҳамбастагӣ ва аҳаммияти самарабахши дар амалия татбиқ шудани чораҳои шабеҳ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ташкил ва пешбурди амалҳои тафтишотӣ, инчунин дурнамои рушди онҳо аз қабили он ҷанбаҳое мебошанд, ки бо назардошти талаботи муосири амалияи тафтишоти пешакӣ таҳлилро талаб мекунанд.
Ба андешаи мо, бартараф карда шудани мушкилоти ташкилии мавҷуда дар раванди тафтиши ҷиноят, исботи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои содир шудани ҷиноят бо пешбурди амалҳои тафтишотӣ, татбиқи чораҳои мурофиавии ҷиноятӣ, ки шабеҳи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошанд, аз ҷумла ҳамоҳангсозии татбиқшавии онҳо на танҳо аз сатҳи маҳорати касбӣ ва маърифти ҳуқуқии кормандони ваколатдор, балки аз татбиқи дурурсти онҳо, ҷорӣ намудани имкониятҳои технологияи муосир, мураттабсозӣ ва мукаммалсозии асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста аст.
Таҳлили ин масъалаҳо нишон медиҳад, ки қонун ба зиммаи мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва прокуратура уҳдадории таъқиби ҷиноятиро вогузор кардааст, ки тавассути иҷрои ҷамъи амалҳои мурофиавии ҷиноятӣ имконпазир аст. Онҳо ҳангоми ошкор намудани ҳодисаи ҷиноят пешбурди парвандаи ҷиноятиро оғоз карда, барои муқаррар намудани ҳодисаи ҷиноят, шахси онро содиркарда тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро меандешанд (м.26 КМҶ ҶТ). Таҳлили ин муқаррароти қонун нишон медиҳад, ки барои исботи ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноят, ҳолатҳои содир шудани он ва айби шахси ҷиноятсодиркарда бояд тамоми «чораҳои пешбининамудаи қонун» андешида шаванд. Истилоҳи «чораҳо» тамоми амалҳои мурофиавии ҷиноятиро, аз ҷумла пешбурди амалҳои тафтишотӣ, амалҳои дигари мурофиавии ҷиноятӣ ва чораҳои мурофиавии ҷиноятиро (чораҳои ҳимояи давлатӣ, чораҳои маҷбурии мурофиавӣ, чораҳои таъмини даъвои гражданӣ ва иҷрои ҷазо, чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, чораҳои мурофиавии ҷустуҷӯӣ айбдоршаванда) дарбар гирифтааст. Агар ба муқаррароти м.м.41, 88-1 КМҶ ҶТ эътибор диҳем, дар матни он ғайр аз амалҳои тафтишотӣ пешбурди «амалҳои дигари мурофиавии ҷиноятӣ» ҳам пешбинӣ шудааст, ки аз руи мазмун тамоми амалҳои тафтишотӣ, амалҳои дигари мурофиавӣ ва чораҳои мурофиавии ҷиноятиро дарбар мегирад, ки дар натиҷаи иҷро шудани онҳо далелҳо (маълумоти воқеӣ) оид ба ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ва ба парвандаи ҷиноятӣ аҳаммиятдошта ҷамъ оварда мешаванд. Лекин, қисми 2 м.72 КМҶ ҶТ натиҷаи на ҳама амалҳои мурофиавии ҷиноятиро, ба истиснои амалҳои тафтишотӣ ва судӣ, ба сифати сарчашмаи далел эътироф мекунад. Ин ҷо номутобиқатии меъёрӣ аён мешавад, чунки бо андешида шудани «тамоми чораҳои муайянкардаи қонун» маълумот воқеӣ дар бораи ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ба мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дастрас мегардад, лекин муқаррароти дигари қонун дар сатҳи мурофиавӣ далел эътироф шудани тамоми маълумоти ҷамъовардашударо истисно мекунад. Аз ин нуқтаи назар, якчанд чораҳои мурофиавии ҷиноятиро номбар кардан мумкин аст, ки бо шакл, мазмун ва натиҷаҳо ба амалҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ монанд мебошанд. Масалан, татбиқи чораи маҷбурии дастгир кардани гумонбаршаванда (м.м.92,94 КМҶ ҶТ), гирифтани баёноти шахсони воқиф аз ҳодисаи рухдода, шахси зарардида, дастгиршуда ва шахсони дигар то қабули қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ (м.м. 145,453 КМҶ ҶТ), талаб кардани маълумот ё мавод (аз ҷумла ҳуҷҷат, иттилооти рақамӣ, маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео (м.86 КМҶ ҶТ).
Бе сабаб нест, ки муаллифони ватанӣ дар адабиёт натиҷаҳои баъзе аз чораи мурофиавии ҷиноятиро ба натиҷаҳои амали тафтишотӣ баробар медонад. Чунин мавқеро ишғол кардани муаллифон асосҳои худро дорад:
- Зимни татбиқи чораҳои мурофиавии номбаршуда лаҳза ё ҳолатҳои алоҳидаи воқеаи рухдода, аз ҷумла мавҷудияти аломати ҷиноят дар кирдори шахс муайян мешавад, ки мавзӯи исботро (ҳолатҳое, ки оид ба ҳар як парвандаи ҷиноятӣ бояд исбот карда шаванд (м.85 КМҶ ҶТ)) ташкил медиҳанд;
- Чораҳои номбаршуда хусусияти таъхирнопазир доранд, ки таъҷилӣ гузаронида мешавад, дар натиҷаи он маълумот дар бораи ҳолати содир шудани ҷиноят ё ба парвандаи ҷиноятӣ аҳаммиятдошта гирифта мешавад, ки хусусияти амали таъхирнопазири тафтишотиро дорад. Дар натиҷаи саривақт андешидани чораҳои мурофиавии ҷиноятӣ аломатҳои кирдори ба ҷамъият хавфноки шахс бевосита ё бавосита муайян мегардад;
- Чораҳои мурофиавии ба амалҳои тафтишотӣ ва чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӣ шабоҳат дошта, бо тартиби муқарраркардаи КМҶ ҶТ аз ҷониби мақомоти амаликунандаи таъқиби ҷиноятӣ иҷро мешавад, ки бевосита уҳдадории исбот кардани ҳолатҳои содир шудани ҷиноятро ба зимма доранд (м.м. 15, 21,26 КМҶ ҶТ). Аз ҷумла, тамоми амалҳои тафтишӣ ва чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ аз ҷониби мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ гузаронида мешаванд. Дар сурати бо ташаббуси иштирокчиёни дигари мурофиаи ҷиноятӣ ба миён омадани зарурати гузаронидани амали тафтишӣ, аз ҷумла татбиқи чораҳои мурофиавии ҷиноятӣ онҳо бо дархост ба мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ бояд муроҷиат намоянд.
Дар айни замон, мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ надорад дархости иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро дар хусуси анҷом додани амали тафтишӣ ва андешидани чораҳои мурофиавиро ҷиҳати саривақт ва пурра кушодани ҷиноят ва исботи ҳолатҳои содир шудани он рад намояд.
Аз ҷониби дигар, тибқи қонун яке аз қоидаҳои умумии пешбурди амалҳои тафтиши пешакӣ қайду мустаҳкам шудани ҷараён, мазмун ва натиҷаҳои амалҳои тафтишӣ ба шумор меравад. Натиҷаи чораҳои андешидашудаи мурофиавӣ ҳам мутобиқан дар шакли мурофиавӣ қайду мустаҳкам ва ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешавад (м.м.72, 82, 94 КМҶ ҶТ).
Ҳарчанд чораҳои мурофиавии номбаршуда дар КМҶ ҶТ ҳамчун чораи маҷбурӣ, амалҳои дигари мурофиавӣ, амалҳои тотафтишотӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, мазмун, ҷараён ва натиҷаи онҳо аз амали тафтишӣ ягон фарқияти ҷиддӣ надорад ва далел эътироф гаштани натиҷаи онҳо (маълумоти ҷамъовардашуда) ба вазифа ва ҳадафҳои мурофиаи ҷиноятӣ мухолиф нестанд.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар амалияи тафтишотӣ саривақт (таъҷилӣ) андешидани чораҳои мурофиавии номбаршуда, минбаъд пешбурди амалҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро фаъол менамояд. Дар мавридҳои муайян андешида шудани чораҳои мурофиавии ба амалҳои тафтишотӣ ва чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шабоҳат дошта, пеш аз ҳама ба пешгирӣ кардани имконияти пиҳон шудан ё монеагӣ кардан аз тафтишот, давом додани кирдори ба ҷамъият хавфноки гумонбаршаванда, айбдоршаванда, ошкор карда шудани маълумоти воқеӣ хело мусоидат мекунад.
Масалан, дастгир кардани шахс бо гумони содир кардани ҷиноят ғайр аз хусусияти «маҷбурӣ» (татбиқи он новобаста аз хоҳиш ва иродаи шахс) ва ҷамъоварӣ шудани маълумот (зинаи исбот), дорои хусусиятҳои дигари мурофиавӣ мебошад. Аз ҷумла, хусусияти фаврӣ ва ғайриошкоро дорад, чунки шахси дастгиршаванда пешакӣ дар бораи татбиқи ин чора огоҳонида намешавад. Хусусияти «пешгирии» дастгир кардан дар он зоҳир мешавад, ки имконияти фарорасии оқибатҳои дигар (саркашӣ, пинҳон шудан, монегӣ ба тафтишот, нобуд кардани далелҳо ва ғ.) бартараф карда мешаванд. Хусусияти «муайянкунандаи» ин чора дар он аст, ки аз ҳамин лаҳза мақоми мурофиавии шахс ба сифати гумонбаршаванда, инчунин самти минбаъдаи амалҳои мурофиавӣ муайян карда мешаванд. Дар муқоиса, агар ба мазмуни амалҳои мурофиавӣ, хусусан амалҳои тафтишотӣ диққат диҳем, ҳама амалҳои тафтишӣ, ки КМҶ ҶТ пешбинӣ мекунад хусусияти маҷбурикунии муваққатиро доро мебошанд ва новобаста аз хоҳиш ва иродаи дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ гузаронида шуда, натиҷаи онҳо далел эътироф гашта, самти минбаъдаи тафтишот ва мақоми иштирокчиёни мурофиаро муайян мекунанд. Пас бо кадом асосҳо далел эътироф шудани маълумоти ба ҳодисаи ҷиноят аҳаммиятноки дар натиҷаи дастгир кардан бо гумони содир кардани ҷиноят (аз ҷумла бо чораҳои дигари мурофиавӣ) ҷамъоварӣ шударо инкор намоем? Ба андешаи мо, таҳлили меъёрҳои мурофиавии ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки ғайр аз чораи маҷбурии дастгир кардани гумонбаршаванда (м.м.92,94 КМҶ ҶТ), гирифтани баёноти шахсони воқиф аз ҳодисаи рухдода, шахси зарардида, дастгиршуда ва шахсони дигар то қабули қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ (м.м. 145,453 КМҶ ҶТ), талаб кардани маълумот ё мавод (аз ҷумла ҳуҷҷат, иттилооти рақамӣ, маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео (м.86 КМҶ ҶТ) якчанд чораҳои дигари мурофиавиро номбар кардан мумкин аст, ки ба амалҳои тафтишотӣ шабоҳат дошта, натиҷаи онҳо қобилияти инъикоси ҳолатҳои содир шудани ҷиноятро доранд. Бинобар ин, дар қисми 2 м.72 КМҶ ҶТ ба сифати сарчашмаи далелҳо дар қатори «протоколи амалҳои тафтишӣ ва судӣ; ҳуҷҷатҳои дигар» протоколи амалҳои дигари мурофиавии ҷиноятӣ нишон дода мақсаднок аст, ки мушкилоти дар амалия ҷойдоштаро бартараф намуда, имконияти мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар саривақт исбот кардани тамоми ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ва пешгирии оқибатҳои дигар васеъ мегардонад.
Дар шароити муосир, яке аз натиҷаҳои чораҳои мурофиавии шабеҳи амалҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯии номбаршуда ошкор ва ҷамъоварии маълумот, аз ҷумла маълумоти рақамӣ мебошад, ки дар шакли протокол, гузориш, маълумотнома, хулосаи эксперт ё мутахассис ё ҳуҷҷатҳо, иттилооти рақамӣ тибқи м. 86 КМҶ ҶТ талаб карда мешаванд ё ба муфаттиш пешниҳод мешаванд (м.м.82,86 КМҶ ҶТ). Онҳо низ сарчашмаи маълумоте мебошанд, ки ба ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ва ба парвандаи ҷиноятӣ аҳаммият доранд.
Дар натиҷаи ба муфаттиш дастрас шудани маълумоти бо татбиқи чораҳои мурофиавии шабеҳи амалҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷамъовардашуда:
А) маълумоти хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шуда, маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар пешниҳод ё дастрас шудаанд бояд аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис ва мутахассис азназар гузаронида шавад (м.м.82,182 КМҶ ҶТ). Тартиб дода шудани протоколи ин амали тафтишотӣ кофӣ аст, ки онҳо (маълумоти пешниҳод ва санҷидашуда) далел эътироф гашта ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шавад. Вақте фаро расидааст, ки азназаргузаронии на танҳо ҷойи ҳодиса, балки ҳама намуди азназаргузаронӣ то оғози парвандаи ҷиноятӣ иҷозат дода шавад;
Б) агар маълумоти хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шуда, маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар аз иштирокчиёни мурофиа пешниҳод шуда бошад ё дар натиҷаи татбиқи чораҳои мурофиавии шабеҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гирифта шуда бошад, шахсони маълумот пешниҳод карда, бояд аввал пурсиш карда шаванд, баъд маълумот ё ҳуҷҷат азназар гузаронида дар протокол шакли мурофиавӣ гирад. Бо таҳияи протоколи пурсиш ва азназаргузаронӣ маълумоти дар рафти чораҳои мурофиавӣ ҷамъовардашуда далел эътироф мешаванд;
В) агар маълумоти хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шуда, маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар дар натиҷаи пешбурди чораҳои мурофиавии шабеҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гирифта шуда, нишонаҳои далелҳои шайъиро дошта бошанд, баъди азназаргузаронӣ, (мумкин аст пас аз таъини экспертиза) бо қарори махсуси муфаттиш онҳо далелҳои шайъӣ эътироф шуда, ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шаванд;
Г) агар маълумоти хаттӣ ё ба тарзи дигар сабт шуда, маводи аккосӣ ва навори кино, сабти аудиою видео, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар аз иштирокчиёни мурофиа пешниҳод шуда ё дар рафти чораҳои мурофиавии шабеҳи оперативӣ- ҷустуҷӯӣ гирифта шуда, саҳеҳ (дақиқ, кофӣ) набошад, онҳоро муфаттиш метавонад дар рафти амалҳои тафтишотӣ ё барои пешбурди чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ самаранок истифода намояд.
Бинобар ин, такя ба андешаҳои олимони давлатҳои дигар пешбарӣ шудани намудҳои алоҳидаи азназаргузаронӣ ё кофтукови фосилавии иттилооти электронӣ, ки дар адабиёт муаллифони ватанӣ пешниҳод кардаанд дастгирӣ намеёбад, чунки қонун тартиби азназаргузаронии ҳуҷҷат (аз ҷумла маълумоти рақамӣ, ки аз сарчашмаҳои электронии иттилоот ва манбаъҳои дигар гирифта мешаванд) пешбинӣ кардааст (м.м. 82,182-183, 195 КМҶ ҶТ). Аз ҷониби дигар, андешаҳои муаллифон ҳамчун тарзу услубҳои самараноки криминалистии ҷамъоварии маълумоти рақамӣ қобили қабул аст.
Ҳамин тариқ, бо тартиби муқарраркардаи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар радифи амалҳои тафтишотӣ андешида шудани чораҳои мурофиавии ба амалҳои тафтишотӣ ва чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шабоҳат дошта ва дар натиҷаи пешбурди онҳо дастрас шудани маълумоти воқеӣ аҳаммияти онҳоро дар раванди исбот возеҳ инъикос ва дар амалияи тафтишотӣ истифодаи самараноки онҳоро ногузир ва мубрам мегардонад.
Раҳматулоев А.Э., дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ
Исозода Н., Унвонҷӯи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия