Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар баробари ин, дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонон дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, ходогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки зиёда аз нисфи аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неруи бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро дошта, такягоҳу ифтихори давлату ҷомеа маҳбус меёбанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синашон то 30 сола 70% аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки дар ояандаи наздик давлати мо ба дасти ҷавонон хоҳад гузашт, зеро 70 фоизи аҳолӣ дар муқобили қисми боқимонда ҳамеша нақши ҳалкунандаро мебозанд. Мушкилоти ояндаи наздики кишвари мо баррасии манфиати ҳамин гурӯҳи бузурги ҷомеа, яъне ҷавонон маҳбус мегарданд. Пас дар ин шароит кадом гурӯҳи ҷавонон метавонанд давалатдориро ба дасти худ гиранд. Албатта, ҳамон гурӯҳи ҷавононе, ки дорои хислати худшиносӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошанд. Худшинос шахсест, ки пеш аз ҳама, худро эҳтиром мекунад, қадру қимат ва мақому манзалати худро медонад. Ҳунару дониш ва таърихи халқу миллаташро меомӯзад, урфу, одат, расму оини аҷдодиашро аз бар мекунад ва беҳтарини онҳоро қабул намуда, арҷгузорӣ менамояд. Донистани ана ҳамин чизҳо яке аз зиннаҳои аввалини худшиносӣ аст ва воситае мегардад, ки дигарон ӯро бишносанду эҳтиром кунанд. Зинаи ифтихор аз Ватан ва дӯстдории Ватан аз донистани таъриху фарҳанги миллат, расму оини аҷдодӣ, арҷгузорӣ ва равнақдиҳии онҳо сарчашма мегирад. Дараҷаи маърифатнокӣ метавонад на танҳо ба сатҳ ва мавқеи иҷтимоии шахсияти алоҳида, балки ба рушди ҷомеа таъсири бевосита бирасонад. Ин аст, дини мубини Ислом донишомӯзиро фарз гардонида, Паёмбари бузурги мо Муҳаммад (с.а.в) аз гаҳвора то ба гӯр омӯхтани илмро тавсия додааст. Ин аст, ки давлати мо низ ба масъалаи рушди донишу маърифат даққати махсус дода, дар сиёсати иҷтимоии хеш маорифро сатҳи стратегӣ эълон намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши илм дар маънидодкунии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ таҳрезии фаъолияти минбаъда диққатӣ ҷиддӣ додани моҳият ва мақсадҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва ояндабинии рушди босуботи он аз нуқтаи назари илмӣ баҳодиҳӣ намояд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба неруҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад. Барои ба вуҷуд омадани ин гуна неруҳо, пеш аз ҳама, таъсиси низоми сохтор ва ё ташкилотҳои сиёсӣ зарур буд.
Дастоварди назарраси соҳа дар соли 1997 таъсиси мақоми давлатии ваколатдор дар сохтори Ҳукумат - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафт. Инак, 29 сол аст, ки мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ менамояд.
Вохӯриҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагонии ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.
Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи Ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендияҳои Президентӣ зиёд гардида, барномаҳои соҳавии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон» ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикситон дар таҳрири нав қабул гардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон маъалаи ҷавононро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то он ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқ, давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта мешавад.
Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ба Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҷавононро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоянд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2008 пешниҳод намуда буданд, ки Вазорати маориф якҷо бо Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ барномаи китоби дарсии «Андешаи миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ»-ро бо назардошти талаботи зинаҳои асосии таълим таҳия намуда, онро ба низоми таълимии кишвар ҳамчун фанни махсус ворид намоянд. Асоси методологии китоби дарсиро бояд масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла моҳияти андешаи миллӣ, меросӣ маънавӣ ва милли мо, меросӣ маънавӣ ва умумибашарӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, меҳнати софдилона ба нафъи ҷамъият ва сафарбар намудани неруҳои зеҳнию ҷисмонии ҷомеа ба хотири тадбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ташкил диҳанд.
Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба илму касбомӯзӣ ҳарҷи бештар ҷалб кунем, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи зиндагии солимро тарғиб созем.
Ин на танҳо вазифаи ҷонии падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки вазифаи тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо пойдевори давлатдории худро мустаҳкам месозем ва дилпурона пеш меравем.
Ҷорӣ намудани ин фан дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зарурате дорад. Зеро фанни мазкур аз нигоҳи сиёсӣ, хештаншиносӣ ҷавононро ташаккул дода, маърифати пос доштани Истиқлоли миллии онҳо рушд меёбад. Ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон: «Андешаи миллӣ натанҳо фаъолияти давлат ва сохтору мақомоти далатиро раҳнамоӣ мекунад, балки самтҳои асосии фаъолияти шаҳрвандиро муайян карда, онҳоро ба амалӣ гардонидани мақсадҳои наҷибу бунёдкоронае ҳидоят менамояд, ки тақдири ояндаи халқу Ватан аз ҳаллу фасли онҳо вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи андешаи миллӣ дар ҳамбастагӣ бо арзишу дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва донистани мазмуну моҳияти он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд, наврасон ва ҷавонон, алалхусус, донишҷӯён мебошад. Чунки андешаи миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ омилҳои муҳиме мебошанд, ки дар ҳифзи ягонагии миллат ва якпорчагии мамлакат, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, инчунин густариш пайдо кардани худогоҳиву худшиносӣ дар ҷомеа нақши муайянкунанда мебозанд».
Масъалаи ҷавонон ва ахлоқи онҳо дар ҷомеаи башарӣ бешак қобили таваҷҷуҳи хосса ва ҳамвора аст. Дар робита ба ин матлаб, Пешвои миллат фармудаанд: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад»
Ин масъала як қатор мушкилотро пеш меорад, ки дар атрофи онҳо бояд амиқ андеша намуд ва роҳи ҳалеро пайдо намуд. Аз назари синну сол ва рӯҳия агар мушоҳида кунем, мебинем, ки дар оила кӯдакон дар ҳар маврид чӣ гуна бесабрӣ ва амалҳои ғайри қобили қабулро иҷро мекунанд ва ин рафтори онҳо калонсолонро водор месозад, ки барои тарбия роҳу усулеро пеш гиранд.
Умуман, дар ҷавонӣ шахс бисёр хассосу нозук ирода мешавад ва хатари даст задан ба садҳо ҷиноятро дорад, ки дар натиҷа барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари бузург эҷод мекунад. Дар навбати аввал масъалаи ахлоқи ҷавонон ва муносибати иҷтимоию сиёсии онҳо бояд ба назар гирифта шавад, чунки фосид гардидани ахлоқи ҷавонон барои ояндаи ҳар як ҷомеа хатар дорад. Новобаста аз вазъияти ногувор (ҷанги шаҳрвандӣ) мулоқоти нахустини расмии роҳбари мамлакат-Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ - 2 феврали соли 1993 баргузор гардид. Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: «Ҷавонон нерӯи созанда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа мебошанд».
Бо дар назар гирифтани тамоми ин бурду бохти ҳаёти ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро «Соли ҷавонон» эълон намудаанд, қабл аз ин, бояд мо ба ин шиори тақдирсоз, яъне, «Ҷавонон ояндаи миллатанд» аҳаммият диҳем. Дар ин асно насли калонсол, бахусус, мураббиёнро зарур аст, ки аз боғча шуруъ карда ба тарбияи кӯдак, ки оянда марҳилаҳои наврасӣ ва ҷавониро аз сар мегузаронад ва мавқеи иҷтимоӣ ибтидоӣ пайдо мекунад, аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Яъне, инсон то давраи ҷавонӣ имкон дорад, ки хӯю хислатро тағйир диҳад, аммо давраи ҷавонӣ айёмест, ки аксар феълу рафтор дар хуни мо роҳ ёфтаанд. Аз камахлоқии ҷавонон касони зиёд дилшикаста мешаванд, аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки чунон рафторе нишон диҳанд, ки одоби онҳо барои хурдсолон намунаи ибрат шавад ва ризои калонсолонро ба даст оварда тавонанд, чунки агар ин шартҳоро иҷро накунанд, дар оянда на падар ё тарбиятгари хуб шуда метавонанд ва ҷавонони ояндаро эҳтиром карда наметавонанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора таъкид мекунанд, ки шукрона бояд аз сарзамину давлати хеш намоем. Мо ҷавонон бояд шукрона аз сарвари ғамхору маҳбуб кунем ва ин идеяи хирадмандонаи эшон, ки гуфтаанд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд» низ ҳикмати холӣ нест ва ин сухан бояд барои насли оянда ва созандаи Тоҷикистони азизамон шиори умедбахш ва масъулиятовар бошад. Пешвои миллат ҳамеша мегӯянд: «Ман ба ҷавонони бонангу номус, ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо, боварии бузург дорам. Бо онҳо ифтихор мекунам, зеро онҳо, воқеан, ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи фаъолияти созанда ҳастанд». Дар радифи ин, Пешвои миллат супориш доданд, ки ҷавононро бисёртар тамоми идораву муассисаҳо бо ҷойи кор таъмин намуда, дастгирии худро оз онҳо дареғ надоранд. Халқу тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик баъди ҳазор соли орзуву ормонҳо ва ҷаҳду талошҳои фарзандони ҷоннисораш дар охири қарини гузашта соҳиби давлати мустақили хеш гардид. Вале мустақилияти бадастомада дер давом накард, бадхоҳони дохиливу хориҷии халқи кӯҳанбунёди мо аз ҳассосияти замон ва камтаҷрибагии давлатдорӣ ва кӯтоҳандешии роҳбарони ҳамонвақтаи мо суйистифода карда тавонистанд, ки бо шӯр андохтани бародар бо бародар ва писар бо падар кишвари моро ба вартаи ҷанги таҳмилии ҳалокатбори бародаркӯш кашида, онро пора - пораву оғуштаи хун намуданд. Хушбахтона, бо роҳбарии ин марди базург, роҳбари оқилу доно ва шахси хирадманду нотарси фарзанди фарзонаи миллат мисли Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркуш хотима ёфта дар Тоҷикистон сулҳу субот поянда гашт. Баъд аз соҳибистиқлол шудан, давлати тозабунёди мо бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда буд ва, пеш аз ҳама, муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти худро дар солҳои аввале, ки давлатамон ба нобудшавӣ дучор гардида буд, он қадар осон набуд. Чуноне ки ба мо маълум аст, дар даврони 70 соли ҳукмронии собиқ давлати Шӯравӣ «Комсол» яке аз соҳаҳои фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ба ҳисоб мерафт. Баъд аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ Тоҷикистон сохти нави давлатӣ - идоракунии демократиро интихоб намуд ва фаъолият намудани комсол дар ин сохти нави идоракунӣ тағйиримкон буд, зеро низоми ҳукмронии яккаҳизбӣ - Ҳизби коммунистӣ барҳам хӯрда, дигар наметавонист ҳадафҳои воқеии худро татбиқ созад. Барои ҳамин, ҳам ташаккули низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон дар шароити гузариш ва дар доираи механизми нави ташкилию амалӣ - сиёсати давлатии ҷавонон зарур буд, ки мақомоти ваколатдори давлатии соҳа ташкил ёбад. Нахуст бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 9 - уми феврали соли 1991, № ФП - 27 дар мамлакат Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шуд. Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷавонон зери назар буданд ва ба ин мақсад 17 - уми марти соли 1994 мулоқоти аввалини расмии худро дар доираи Анҷумани якуми ҷавони Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор мегардонад, чунки дар ин вақт мамлат дар оғӯши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, яъне кулли ҷомеа, бахусус ҷавонон дар тарсу ҳарос зиндагӣ мекарданд. Вале новобаста аз ин, бо умеди раҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва равонасозии онҳо ба бунёди давлати аҷдодӣ, дастёбӣ ба мустақили миллӣ, Пешвои миллат бо ҷавонон мулоқот мекунанд. Дар натиҷаи мулоқот таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҷавонон хеле зиёд гардид, мувофиқан ҳавасмандии ҷавонон барои бунёди давлати навин баланд гашта, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гурӯҳҳои худфаъол ташакул ёфтанд. Солҳои 1996-2000 давраи ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон - низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки бунёдгузори он маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Санаи 23 майи соли 1997 мулоқоти дуюми расмии Сарвари кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат баргузор мегардад.Дар ин мулоқоти навбати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд». Он вақт (зимни мулоқоти нахустин) мо бештар дар бораи он фикр мекардем, ки чи тавр оташи ҷанги миллаткушро хомӯш намуда, дар мамлакат фазои эътимоду якдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварда, барои шодии миллӣ заминаи устувор гузорем. Хушбахтона, имрӯз раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқи худ расид». Дар ин солҳо созишнома оид ба бадастории ризоият ва ҳамдигарфаҳмии тарафҳо ба анҷом расида, ниҳоят ҷанги бародаркуш хотима ёфт. Бинобар ин, мулоқоти мазкур дар таърихии давлатдории тоҷикон саҳифаҳои навро кушод. Насли ҷавон тавонистанд дар симои Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро дарёфт намоянд. Мулоқоти сеюми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат бошад санаи 16 майи соли 1998 баргузор гардида буд. Дар ин мулоқот, асосан, баррасии масъалаҳо оид ба илму маърифат, дастгирии соҳибистеъдонони ҷовон, нақши фарди ҷавони бомаърифат дар бунёд ва таҳкими давлатдорӣ, дастовардҳои таърихи фарзандони тоҷик, истиқлолияти давлатӣ, мероси фарҳангию таърихӣ, забони давлатӣ, Ваҳдат ва ғайра барпо шуда буд. Вобаста ба ин 23-уми май Рузи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.
Соҳаи кор бо ҷавонон яке аз соҳаҳое мебошад, ки фаъолиятро аз банизомдарорӣ ва барномасозии муносибатҳо шуруъ намудааст.Таҳлил, дарёфти мушкилот ва бо ин васила таҳия ва тадбиқи барномаҳои давлатӣ имкон доданд, ки соҳаи кор бо ҷавонон ба зудӣ мавқеи худро дар ҷараёнҳои идоракунии мамлакат касб намояд.Маҳз ҷавонони ҳисси ватандӯстиашон баланд метавонанд пешбаранда ва ҳимоятгари аслии кишвар бошанд. Барои соҳаи кор бо ҷавонон, ки татбиқкунандаи бевоситаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, мавҷудияти мақоми олӣ орзую мароми дерина буд, зеро маҳз ҳамин нишондиҳандаа дар арсаи ҷаҳонӣ афзалият ва баҳои баландтарини худро нисбат ба ҳар як кишвар касб намудааст. Иштироки ҷавонон дар тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон рӯз аз рӯз бештар мушоҳида карда мешавад. Бахусус, дар марҳилаи ба дастории сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ дар катори насли калонсол дар бунёди давлатт орому осоишта, аз ҷумла созгории Ваҳдати миллӣ ҷавонон низ саҳми хеле муносиб гузоштанд. Имрӯзҳо фаъолияти бисёре аз ҷавонони бонангу номус дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ назаррас аст. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандӯзии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Ин аст, ки ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои гуногун таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои ояндаи дурахшони кишварамон хеле муҳим мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани орзуҳои онҳо имконият фароҳам меорад. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд. Дар ҳақиқат ҳам, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст ва мо ҷавонон барои ин дастгириҳои Пешвои миллат бояд кӯшиш намоем, ки баҳри дурахшон гардидани Ватани азизи худ саҳми босазо гузорем. Барои ҳамин ҳам, вазифаи ҳар як фарзанди бонангу номус ин, пеш аз ҳама Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба кадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлолият расидан, шукронаи сохибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аст, ки ин яке аз арзишҳоие мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ карор диҳанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Саидамирзода Баҳодур Шовалӣ – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент