(Ба муносибати ташаббуси Пешвои миллат дар самти қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036”)
Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имконитҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ пойдевори мустаҳками давлату бақои миллат буда, тантанаи сулҳу ваҳдат кафолати сарҷамъӣ ва хушбахтии халқ маҳсуб меёбад. Бо шарофати даст ёфтан ба ин чароғи раҳнамо ояндаи дурахшони ҳар халқу миллат мунаввар мегардад.
Миллати тоҷик дар самти нигаҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сулҳу ваҳдат ва дӯстиро заминаи муътамаду умедбахши расидан ба ормонҳои миллӣ арзёбӣ намуда, аз давраҳои қадим сулҳофару тараннумгари дӯстӣ буданд. Ба ҳамин хотир, консепсияи сулҳу дӯстӣ меҳвари асосии адабиёти форсу тоҷикро ташкил мекунад. Лисон-ул-ғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ барои пойдории дӯстии халқҳо ва решакан кардани ниҳоли душманӣ чи хуб фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Таърихи зиндагии инсоният гувоҳи он аст, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ва субботи сиёсӣ дар ҳама давраҳои таърихӣ барои рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити арзанда муҳайё намуда, барои таҳким бахшидани рукнҳои давлатдорӣ ва муаррифии таъриху фарҳанг ва пойдории мақоми забони миллӣ мусоидат мекунад. Душманӣ ё ба қавли дигар нодида гирифтани арзишҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои миллии халқиятҳои гуногуни олам барои ба миён омадани мухолифатҳои минтақавию байналмилалӣ, авҷ гирифтани низоъҳои сиёсӣ ва доман паҳн кардани гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуби барои инсоният хатарнок замина гузошта, дар замири мардум нисбати якдигар тухми кинаву адоватро мекорад. Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вассофи сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода дар шоҳбайти зеринаш ба подоши дӯстӣ ва оқибати бади душманӣ чунин ишора кардааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Бо дарназардошти муҳаммияти таҳкими сулҳу ваҳдат ва равнақи дӯстиву якдилии халқ ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо ҷанги таҳмилӣ рӯбарӯ шуд. Дар натиҷаи авҷ гирифтани низоъҳои дохилии кишвар, ки бо талошҳои душманони миллати тоҷик рӯйи кор омада буд, пояҳои давлатдорӣ рахна гашта, ҳеҷ кас ба ояндаи миллату давлат боварӣ надошт. Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар он марҳилаи барои мардуми тоҷик бас душворро дар мисраъҳои зерин чунин ифода кардааст:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вакилони халқ ва мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, гуфта буданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гуреза ба ватан барнагардад, худамро ором ҳис намекунам”. Дар бораи сулҳ сухан кардани Пешвои миллат дар он шабу рӯз маънои онро дошт, ки арзиши қадру қимати сулҳ баробари арзиши ҷон буд. Сулҳ амон буд, сулҳ қулфкушои дари хонаи бахти миллати тоҷик буд, ки дар он рӯзгор миллати тоҷик ба сулҳу ваҳдат чун ташнагон ба об ниёз дошт.
Боиси хурсандист, ки баъди гуфтушунидҳои бардавом ва музокираи сулҳ бо гурӯҳҳои мухолиф бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи абармарди майдони сиёсат, наҷотбахши миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳодисаи фараҳбахш барои мардуми ҷангзадаи Тоҷикистон муждаи хуше буд, ки дар саросари кишвари азизамон ҷанг хотима ёфт ва зиндагии осуда ва дур будан аз ҳама ғаму дардҳо насиби халқамон гашт. Он лаҳзаҳои бисёр ҳассос мардуми нусратшиори тоҷик тӯйю тантанаи ваҳдату ягонагии халқро бо ҳазорон орзуҳои нек дар мағзи ҷон парварида буданд. Ин давлати ноёб, ин дурри гаронбаҳо, яъне сулҳу ваҳдати миллӣ минбаъд барои рушду инкишофи ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол уфуқҳои нави идора кардани давлат ва шоҳрои муваффақиятҳои бемислу монандро кушод.
Бо шарофати сулҳ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар ҳама самт ба таври бесобиқа тараққӣ кард. Бад-ин минвол кишварамон дар як муддати кутоҳ ба як давлати рӯ ба инкишоф табдил ёфт. Ин ҷо ягон асрор ниҳон нест. Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои муаззами миллат тавонистанд бо сиёсати дурбинона ва хиради азалиашон мардумро ба роҳи созандагӣ, дӯстиву рафоқат, ватанпарвариву миллатдӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шарофати ҳидоятҳои некбинона ва маслиҳатҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, ба хотири наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёдамон роҳи созандагиро пеша карда, дар пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро гузоштанд. Ин иқдоми нек дар он шабу рӯзҳои мудҳиш ба истилоҳ бедории миллати тоҷик буд. Чунки чунин иқдоми саривақтӣ, яъне сари мизи музокироти сулҳ нишастан агар аз тарафи Роҳбарияти олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеша карда намешуд, хавфи пароканда шудани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид шудани давлати мо аз эҳтимол дур набуд. Хушбахтона, фурсати муносибро аз даст надода, дар фикри ояндаи Ватан шудем, зеро дар кори хайр ҷойи истихора нест. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин бобат чи хуб фармудааст:
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махусбу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
Қайд кардани як нукта басо муҳим аст, ки таҷрибаи ба даст овардани сулҳи тоҷиконро Институтҳои бонуфузтарини низоъшиносии байналмилалӣ омӯхта, онро барои аз байн бурдани ҷангу низоъҳои сиёсии кишварҳои ҷангзада дар амал тадбиқ карда истодаанд. Дар баробари ин, мактаби сулҳофарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони як қатор давлатҳои ба низоъҳои сиёсӣ ва ҷангҳои дохиливу хориҷӣ мувоҷҷеҳбуда ҳамчун намунаи олии сулҳофарӣ ва хотима бахшидани ҷанг шинохта шудааст, ки ин мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мартабаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатро дар арсаи байналмилалӣ меафзояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро эълон намуд. Бо ин иқдоми созанда ва сиёсати сулҳпарварона Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кутоҳ тавонист бо бисёр давлатҳои ҷаҳон равобити дипломатиро ба роҳ монад. Айни ҳол дар сӣ кишвари дунё сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дипломатӣ бурда истодаанд, ки ин мавқеи сиёсии кишвари моро дар минтақа ва ҳамзамон дар сатҳи ҷаҳон пойдор нигаҳ медорад.
Имрӯз Тоҷикистон тибқи раддабандии кишварҳои амнтарини рӯйи дунё мувофиқи омори пешниҳоднамудаи Институти иқтисод ва Сулҳ (Institute of Economy and Peace) дар миёни 141 кишвар мақоми 76-умро соҳиб аст, ки ин аз сиёсати сулҳпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Гузашта аз ин, Сарвари давлат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарини ҷаҳон – Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи сулҳу амнияти саросарии ҷаҳон, оқибатҳои шиддат гирифтани вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон, зуҳуроти номатлуби қочоқи маводи мухаддир, авҷи амалҳои террористӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои қабули ҳуҷҷати тақдирсозе, ки тамоми миллати сайёраи Заминро аз ин вабоҳои асри XXI ҷовидона эмин нигаҳ медорад, даъват намуданд.
Маҳз, бо шарофати даъватҳои ояндабинона, пешниҳодҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат ва мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар ҳаллу фасл намудани мушкилоти глобалии ҷаҳон ва ба сулҳу ваҳдати комил расидани ҷаҳон 25-уми июни соли 2026 дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ташаббуси нави Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036” бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Қабул шудани қатъномаи мазкур ифтихори миллати тоҷик буда, ҷомеаи ҷаҳониро дар шароити авҷ гирифтани низоҳои сиёсӣ, бархурди тамаддунҳо, ва низоми босуръати ҷаҳонишавӣ ҳушдор менамояд, ки танҳо бо роҳи кор гирифтан аз сулҳу ваҳдати саросарии ҷаҳон метавонем ояндаи дурахшони наслҳои ояндаи бани башариятро таъмин намуда, барояшон зиндагии шоиставу роҳи пешрафту муваффақиятро кушоем.
Охир, ҳар як инсоне, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, ҳуқуқи хушбахт шудан дорад. Хушбахтии инсон бошад, дар таронаи сулҳ ва навои хуши ваҳдат нуҳуфтааст. Пас, ҳамватанони азиз, биёед зери партави сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, барои таъмини сулҳу субботи ҷовидонаи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми бевоситаи худро гузорем. Зеро сулҳу ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафти ҷамъият ва мустаҳкам шудани пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Амлоев Аминҷон Ятимович – дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон