Top.Mail.Ru
Омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷомеа
Новости

Омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷомеа

Омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷомеа

«Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Ӯ донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад». 

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгор яке аз беҳтарин ва муқаддастарин шахсиятҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз касбу мақомаш ба ҳурмату эҳтироми ҳамагон сазовор мебошад. Дар ҳақиқат, омӯзгор шахсест, ки умри худро ба тарбияи инсон, рушди маърифати ҷомеа ва бунёди ояндаи миллат бахшидааст.

Агар ба таърихи зиндагии ҳар як инсони муваффақ назар кунем, дар оғози роҳи ӯ ҳатман номи як омӯзгор, устод ё роҳнамо қарор дорад, ки ба ӯ роҳи дониш ва маърифатро нишон додааст. Дар ҳар ҷое, ки омӯзгор қадам мегузорад, он ҷойро бо ақлу заковат, донишу маърифат ва гармии қалби худ пурнур мегардонад.

Ҳеҷ як инсон аз модар донишманд таваллуд намешавад ва ҳеҷ кас бе омӯзишу тарбия ба қуллаҳои баланди камолоти маънавию илмӣ намерасад. Ин омӯзгор аст, ки ақлҳоро ташаккул медиҳад, чашми дилро ба рӯйи ҳақиқат мекушояд, оинаи хирадро равшан месозад, роҳи пуршебу фарози зиндагиро нишон медиҳад ва забони лолро гӯё мегардонад. Омӯзгор танҳо шахсе нест, ки дар синф дарс мегӯяд ва ба хонанда баҳо мегузорад. Ӯ тарбиятгар, роҳнамо, маслиҳатгар, равшанкунандаи роҳи зиндагӣ ва дар бисёр мавридҳо такягоҳи маънавии шогирд мебошад. Шогирд аз омӯзгор на танҳо мавзӯи дарсро меомӯзад, балки аз рафтору гуфтор, одобу ахлоқ, муносибат ба инсон, меҳнат ва зиндагӣ низ сабақ мегирад. Аз ҳамин рӯ, касби омӯзгорӣ аз ҳар як инсон масъулияти бузург ва фарҳанги баланди маънавиро талаб менамояд.

Омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза мақоми хосса дорад. Ҷомеа ба омӯзгор ниёзи хеле зиёд дорад, зеро маҳз омӯзгор кӯдакону наврасонро таълиму тарбия дода, ба онҳо илму дониш мебахшад, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии онҳоро баланд мебардорад, дар вуҷуди онҳо эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва масъулиятшиносиро ташаккул медиҳад. Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки бо сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои созандаи

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа пайваста таҳким ёфта истодааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» низ яке аз қадамҳои муҳим дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор, баланд бардоштани эътибори касбӣ ва иҷтимоии ӯ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти самараноки омӯзгор мебошад.

Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омӯзгорро яке аз пояҳои асосии рушди ҷомеа ва тарбиятгари насли ояндасоз медонанд. Ин ғамхориҳо барои ҳар як омӯзгор мояи ифтихор буда, ҳамзамон моро водор месозанд, ки ба масъулияти касбии худ боз ҳам содиқона муносибат намоем ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузорем.

 Агар армони меҳанро бихоҳӣ, Бидон аввал ту армони муаллим. Каму беши замонро рост кардан, Тавон танҳо ба мизони муаллим. Мо бояд ҳурмату эҳтироми ҳар як омӯзгорро ба ҷо оварда, қадру манзалати ин касбро воло бидонем, зеро омӯзгор яке аз бунёдгузорони маънавии ҷомеа ва ояндасозони давлату миллат мебошад.

Аз даврони мактабхонӣ касби омӯзгорӣ дар дили ман реша зада, як ҳиссиёти аҷиберо дар фикру андешаи ман бедор мекард. Сол ба сол, ки мегузашт, ин ҳиссиёт фикру андешаи маро қавитар мегардонид. Ман аз хурдсолӣ ба касби «омӯзгорӣ» завқманд гардида будам ва дар назди худ мақсад гузошта будам, ки ҳатман дар оянда омӯзгор хоҳам шуд.

Дар давраи хонанда буданам, вақте ки ҳар як омӯзгор ба синфхонаи мо медаромад, ман ӯро бо шавқу ҳаваси зиёд пешвоз мегирифтам. Вазифаи хонагии додаашонро то ба тахтаи синф даъват карданашон такрор карда меистодам ва кӯшиш мекардам, ки мавзӯи дарсиро хуб ҷавоб диҳам. Ман мехостам тавре рафтор кунам, ки омӯзгорони ба синфхонаи мо воридшуда аз ҷавобҳои ман, омодагӣ ба дарс ва рафтори хубам хушҳол гардида, синфхонаро бо чеҳраи хандон тарк намоянд. Он омӯзгорон ба ман танҳо донишу маърифат надоданд.

Онҳо дар вуҷуди ман рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба инсон, дӯст доштани Ватан, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавиро парвариш намуданд. Ман то абад миннатдори ҳамаи он шахсоне ҳастам ва хоҳам буд, ки мақоми омӯзгориро интихоб намуда, умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд.

Он вақт ман фикр мекардам, ки омӯзгорӣ касби маъмулӣ аст ва ҳар як шахс метавонад ба осонӣ ин касбро аз худ кунад.

Аммо бо гузашти солҳо ва ворид шудан ба ин соҳа ман дарк кардам, ки омӯзгорӣ касби одӣ ва осон нест. Ин касб аз инсон пеш аз ҳама сабру тоқат, масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ, дониши васеъ, фарҳанги баланди муошират ва муҳаббати самимӣ ба кӯдакону наврасонро талаб мекунад. Баъд аз хатми муассисаи таълимӣ муҳаббат ба ин касб дар фикру андешаи ман боз ҳам бештар гардид.

Ман орзу мекардам, ки ҳарчи зудтар донишгоҳро хатм карда, ба чунин мақом сазовор гардам. Дар дил орзу доштам, ки омӯзгор шуда, кӯдакону наврасонро тарбия ва ба онҳо дониши хуб дода, дар вуҷуди онҳо ҳисси ватандӯстӣ, дӯст доштан ва қадр кардани фарҳанги халқи азизамонро меомӯзонам.

Талошу меҳрубонӣ ва чеҳраи хандони омӯзгорони ман буданд, ки маро тарбия дода, дониш омӯзонданд ва то ба ин қуллаҳои баланд расониданд. Имрӯз, баъди солҳо, вақте ба роҳи тайкардаи худ назар мекунам, боз ҳам бештар дарк менамоям, ки интихоби касби омӯзгорӣ барои ман танҳо интихоби як касб набудааст. Ин интихоби роҳи зиндагӣ, интихоби хизмат ба ҷомеа ва масъулияти тарбияи насли оянда будааст.

 Омӯзгор будан — масъулияти ояндаи кӯдакону наврасонро ба дӯш гирифтан аст. Омӯзгор бояд ҳар як кӯдакро зина ба зина таълиму тарбия дода, илму дониши ӯро мустаҳкам гардонад. Ӯ бояд ба ҳар як хонанда ҳамчун шахсияти алоҳида муносибат намояд, қобилияту истеъдоди ӯро дарёбад, дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ кунад ва ба ӯ боварӣ бахшад. Меҳнати омӯзгор ҳамеша дарҳол намоён намешавад.

Шояд омӯзгор имрӯз тухми дониш, ахлоқ ва ватандӯстиро дар қалби шогирд бикорад, аммо самараи онро баъд аз солҳои зиёд бинад. Шогирде, ки имрӯз дар синф нишастааст, фардо метавонад табиб, муҳандис, олим, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, омӯзгор, роҳбар ё мутахассиси соҳаи дигар гардад. Дар муваффақияти ҳар як чунин шахс ҳиссаи меҳнати омӯзгор низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, омӯзгорро метавон меъмори оянда номид. Ӯ бо қалам ва китоб на танҳо дониш, балки шахсият месозад.

Ҳар як дарси омӯзгор танҳо як соати таълимӣ нест; он метавонад як қадаме ба сӯи ояндаи инсон, ҷомеа ва миллат бошад. Ҷомеаи имрӯза босуръат рушд мекунад. Илм, техника ва технологияҳои муосир ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон ворид гардидаанд. Дар чунин шароит талабот нисбат ба омӯзгор низ бештар мегардад.

Омӯзгори муосир бояд ҳамқадами замон бошад, пайваста донишу маҳорати касбии худро такмил диҳад, аз усулҳои нави таълим истифода барад ва хонандагонро ба омӯзиши мустақилона, андешаронӣ, таҳлил ва ҷустуҷӯи дониш ҳидоят намояд. Аммо дар баробари рушди технология як ҳақиқатро набояд фаромӯш кард: технология метавонад маълумот диҳад, аммо меҳру муҳаббат, тарбия, дастгирӣ ва муносибати инсонии омӯзгорро пурра иваз карда наметавонад. Зеро дар маркази таълиму тарбия инсон қарор дорад ва инсон пеш аз ҳама ба муносибати инсонӣ ниёз дорад.

Омӯзгор бояд ба шогирд на танҳо ҷавоби саволро диҳад, балки ба ӯ фикр кардан, савол додан, ҷустуҷӯ кардан, таҳлил намудан ва роҳи ҳалли масъалаҳоро пайдо карданро омӯзонад. Вазифаи омӯзгори ҳақиқӣ аз он иборат аст, ки дар хонанда шавқи донишомӯзӣ ва эҳсоси пайваста омӯхтанро ба вуҷуд оварад. Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши ниҳоят муҳим дорад.

Агар ба кӯдак аз хурдӣ муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба падару модар, омӯзгор, калонсолон, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ омӯзонида шавад, ӯ ҳамчун шахси масъулиятшинос ба камол мерасад. Ҳамаи ин заҳматҳо ва машаққатҳои омӯзгор боис гардидаанд, ки давлат ба соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Ин ғамхорӣ барои ҳар як омӯзгор мояи ифтихор буда, ҳамзамон моро водор месозад, ки ба масъулияти касбии худ содиқона муносибат намоем.

««Мо ба омӯзгорон эҳтиром дорем, зеро онҳо дар бунёди ҷомеаи маърифатпарвару пешрафта нақши калидӣ мебозанд». Эмомалӣ Раҳмон Беҳуда Саъдии Шерозӣ нагуфтааст: «Суҳбати ҷонпарвар аст, суҳбати омӯзгор». Воқеан, суҳбати омӯзгор метавонад ба инсон умед бахшад, роҳи дурустро нишон диҳад ва дар қалби шогирд чароғи маърифатро фурӯзон созад. Сухани омӯзгор метавонад солҳо дар хотири шогирд боқӣ монад. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор бояд дар интихоби сухан, рафтор ва муносибати худ эҳтиёткор бошад.

Омӯзгор касест, ки бо қалам не, балки бо қалби инсонҳо менависад. Навиштаҳои ӯ дар дафтари зиндагии шогирдон боқӣ мемонанд. Шояд инсон баъд аз солҳои зиёд номи баъзе мавзӯъҳои дарсиро фаромӯш кунад, аммо меҳрубонии омӯзгор, сухани нек, дастгирӣ ва боварии ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Ман имрӯз бо боварии комил гуфта метавонам, ки муҳаббат ба омӯзгорӣ, ки аз солҳои кӯдакиам дар қалби ман ҷой гирифта буд, маро ба интихоби роҳи дуруст раҳнамун сохт. Ҳар қадаре ки ба ин касб наздиктар мешавам, ҳамон қадар бештар дарк мекунам, ки омӯзгорӣ на танҳо касб, балки рисолати бузурги инсонӣ мебошад. Барои ман омӯзгор будан маънои онро дорад, ки дар ташаккули шахсияти инсон саҳм гузорам, ба хонанда дар ёфтани роҳи дуруст кумак намоям, дар қалби ӯ ба оянда боварӣ ба вуҷуд оварам ва то ҳадди имкон барои донишманду худшинос ва ватандӯст гардидани насли наврас саҳмгузор бошам.

Омӯзгорӣ масъулияти бузург аст, аммо дар айни замон яке аз пуршарафтарин роҳҳои хизмат ба ҷомеа мебошад. Ҳар як омӯзгор бояд дарк намояд, ки дар назди ӯ танҳо як хонанда нест — дар назди ӯ ояндаи як инсон, як оила ва дар маҷмӯъ як қисми ояндаи ҷомеа қарор дорад. Бигзор чароғи маърифат, ки омӯзгорон дар қалби шогирдон меафрӯзанд, ҳамеша фурӯзон бошад.

Бигзор ҳар як омӯзгор тавонад дар қалби шогирд тухми дониш, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва умед ба ояндаи некро бикорад. Зеро шогирде, ки имрӯз дар назди мо менишинад, фардо чеҳраи ҷомеаи моро муайян хоҳад кард. Пас, эҳтиром ба омӯзгор танҳо эҳтиром ба як касб нест. Эҳтиром ба омӯзгор — эҳтиром ба илму дониш, мактаб, инсон ва ояндаи миллат аст. Омӯзгор зиндагии худро барои дигарон месозад, то дигарон ояндаи беҳтар бисозанд.

Давлатов З.Қ., магистранти соли 2-юми кафедраи таърихи умумӣ ва ватании факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии ДСРТ

×