Top.Mail.Ru
Лоиқ - идомабахши суннати шеъри ниёгон
Новости

Лоиқ - идомабахши суннати шеъри ниёгон

Бо мутолиа ва таҳқиқи осори Лоиқ Шералӣ ҳам дар чеҳраи шахсияти шеъри ӯ ҳам дар қолабҳои инзамонӣ ва суннатии сурудаҳои шоир, ҳам дар сабку шеваи баёни ӯ, забони осораш, ҳам дар мавзую мазмун ва ҳам дар усули тасвиргарии шоир мо имтизоҷи суннатҳои қадиму ҷадид, кӯҳна ва нав, шарқию ғарбӣ, адабиёти шифоҳию китобӣ, шеъри наву сафед, арузи классикию арузи озод, қофияи суннатию қофияпардозиҳои даврони охир, таъриху замони имрӯзиро мебинем.

Шеъри Лоиқ, чи дар қолабҳои суннатӣ ва чи дар қолабҳои замонавӣ эҷод шудаанд, ҳама саросар баҳри Инсони асри бистум гуфта шудаанд ва инсонҳои садаи ХХ-ро, ки шоҳиди гардишҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳамдаврони ҳамсолони паровари хеш, инсони замони кашфи кайҳон, замони расидани пои фарзанди одам ба рӯйи Моҳ, замони рӯйи ниёз овардани инсоният ба Олами асғар – ҷаҳони инсон, ба арзишҳои умумибашарӣ, замони худогоҳию хештаншиносӣ ва ҳама гуна кашфиётҳои навин буд. Ашъору дарди ниҳонии шеърофаринии Лоиқ барои ҳар рӯз ва ояндаи дурахшони даврони мосту раҳкушо ва таҷрибаандӯзи рӯзгорони минбаъдаи мо инсонҳост.

Шоир дар пояи суннати адабии ниёгон бо аввалин шеърҳояш («Ба модарам») дар пайванд додани суннатҳои шеъри форсии тоҷикӣ бо шеъри мардуми дунё, дар айни замон, бо шеъри русӣ буд.

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни навҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!...

Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯйи оламро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,
Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!

Лоиқ дар эҷодиёти хеш аз қолабҳои аслӣ ва суннатии шеъри ниёгонамон фаровон истифода бурда, аксар қолабҳоро дар замони навин ба пояи камолот расонидааст. Бо мутолиаву таҳқиқи ашъори Лоиқ дар Куллиёти ӯ мо мушоҳида мекунем, ки илҳоми волои шоир дар офаридану гуфтани ғазал хеле пеш рафтааст. Ва шоир ғазалро аз ҳаёти замони нави мо суруда, бо тавсиру ташбеҳоти гузаштагон низ онро тавъам карда, ғазалро замонавӣ намудааст.

Аксар муҳаққиқон ва шоирони ҳамзабони мо (алалхусус, Аҳмади Шомлу, Симини Беҳбаҳонӣ) даъво пеш меоварданд, ки «Ғазал шеъри замони мо нест» ва ё ақида доштанд, ки аз корбурди воситаҳои тасвири ғазали қадим бояд шоирон даст кашанд, вале Лоиқ завобит – қоидаву қонун, қолаб андоза, таркиб, ибора, воситаҳои тасвири ғазали пешиниёни адабиётамонро баръакс маҳаки асосии ғазалхонӣ қарор дода, онро ба пояи баланд бардошт. Ҳатто ғазалро замонавӣ намуда ба он ҷомаи афкори имрӯзаро пӯшонида, қудрати эҷоду офариниши сухани тоҷикиро нишон дод, ки дар ҳама давру замон забон ва адабиёт нақши навине эҷод карда метавонад.

Ҳарчанд дар ғазалҳои шоир мафҳуму мавзӯъ ва мазмуни наву тозаи замони муосир нишон дода мешаванд, вале «фоизи зиёди паёми ӯ паёми такрори ғазалҳои гузаштааст» ва мушкилоту дастовардҳо ва муаммоҳову дигар мавзӯъҳои замони нав низ аз тарафи шоир дар қолаби ғазал тавассути ғазали пешин (қадима) гуфта шудааст, ки ба хонандаву шунаванда дилписанд аст ва таъсирбахшӣ дорад. Лоиқ дар ҳақиқат исбот кард, ки анъанаҳои назмсароии ниёгонамон ҳаргиз кӯҳнашавӣ надоранд ва баръакс шоири нозукфикр онро ҷилои нав бояд диҳад ва ба замонаш мутобиқ гардонад.

Лоиқ бо ташбеҳоти хоси шоирона ва фардии хеш ғазал сурудааст:

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод,
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод.

Шоир Айнӣ ва мақому бузургии ӯро дар ҷомеаи миллии мо тоҷикон ба кӯҳсори бузургу ашъори Турсунзодаро ба обшорон монанд медонад ва вақте дар ҳамин ғазал шоир мегӯяд, ки:

Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин уммеди ин умедворон зинда бод.

Мо ҳамзамон дарк мекунем, ки ин мисраъҳоро на Рӯдакиву Саъдӣ ё Ҳофиз балки Лоиқ дар асри ХХ сурудаасту шоир шоири замони мост ва дар бари мост, ки рӯзгор ва аъмолу кирдор ё андешаву рафтори моро дар ин замони муосир баён мекунад.

Шоир дар ғазалҳои худ чун анъанаи ниёгон ишқу садоқат ба инсонҳоро суруда, фарду нукоти андарзӣ ва шоҳбайтҳоро дар шакли панду насиҳат хулосабарорӣ кардааст:

Лек андар зиндагӣ носозгориҳо бувад,
Дар талоши ҳар бароре нобарориҳо бувад.

Инҷо шоир чунон бузургворона сурудааст, ки чунин мисраъҳои ӯ вирди забонҳо гардидаанд ва ё дар қатори абёти бузургон ворид шудаанд, ки ба қавли хонандаву гӯяндагон ин байтро «бузурге фармудааст».

Ё ин ки дар мисрае аз ғазалаш мегӯяд:
Пир беш аз кӯдаки гаҳвора ғашён мекунад.

Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.
Одамӣ як умр муҳтоҷи навозиш будааст.

Бо чунин шеърхаллоқӣ Лоиқ ба мо 406 ғазали ноби навэҷод дар адабиётамон ба мерос мондааст, ки бо ин бузургӣ шоир устоди ғазали адабиёти муосири тоҷику форсизабонон гардидаву машҳур, яъне як ситораи дурахшони адабиёти муосири мо ва олам шудааст.

Шоир дар рубоиву дубайтӣ низ устухон надорад, зеро дубайтиву рубоии Лоиқ аз адибони солҳои 40–50-уми садаи ХХ хеле фарқ дорад. Чунки эшон бо рубоиву дубайтӣ бештар муҳити маҳдуди давраи хешро гуфтаву сурудаанду он то ба имрӯз қариб ки аз ёд рафтааст. Ва дар ашъори муосиронаи Лоиқ вақте дубайтӣ ё рубоӣ гуфтааст, навпардозии замони нав бо қиёси гузаштаву таърих ва адабиёт чунон ба қалам дода шудаанд, ки ҷовидонӣ боқӣ мемонанд.

Шоир мегӯяд:

Донам, ки ҳама намакҳарому дурушт,
Дар бутаятон на рушд дореду на мушт.
Санги бағали кӯҳ маро шоир кард,
Санги бағали шумо маро хоҳад кушт.

Лоиқ инҷо ба ҳасудхӯрону бадбинони хеш луқма партофта, аз нокасии баъзе ҳаммаслаконаш шикоят бурда онҳоро фош мекунад, ки ноҷавонмарданд. Шоир бо суннати шеъргӯии худ исбот мекунад, ки зиндагиро баҳри инсонҳо бахшидаву ба миллаташ бахшида, зиндагиро ба худ ҷовидона сохтааст, ки ӯ дар умри кӯтоҳаш ин будааст:

Муддаоям зи назм ин бошад,
Пос дорем назми дунёро.
Бо сухан то ҳама раво дорем,
Фарзи имрӯзу қарзи фардоро.

Лоиқ ин ҷо «назм»-ро ба ду маънӣ оварда, дар мисраи аввал мурод аз назм ин шеър аст ва дар мисраи дувум шоир «назми дунё» гуфта низому сохт ва тартиби оламро ба қалам медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар раванди омӯзиши рубоиву дубайтии шоир мо пай мебарем, ки шоир беш аз 400 рубоӣ ва қариб 800 (770 аниқаш) дубайтии пурмаъно гуфтааст. Агар ба эҷодиёти Лоиқ дар асоси «Куллиёт»-и дуҷилдае, ки нашри Хуҷанд аст, такя намоем, мебинем, ки дубайтӣ дар эҷодиёти шоир мақоми асосӣ дорад ва миқдоран аз ғазалҳо ва рубоиёт ба маротиб зиёд буда, 746 ададро ташкил медиҳанд. Доираи мавзӯоти дубайтӣ васеъ буда, ишқу муҳаббат, ҳасби ҳол, шикоят, ҳаҷву танқид ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Яке аз сабабҳои асосии маҳбубияти дубайтӣ хоҳ халқӣ (фолклорӣ) бошад, хоҳ эҷоди адибон дар он аст, ки ифодагари орзуву армон ва рӯҳи халқ аст ва «барои ифодаи эҳсосоти қалбӣ ва андешаи қаҳрамони лирикӣ эҷод мешаванд».

Омӯзиш ва таҳқиқи дубайтиҳо нишон медиҳанд, ки ҳам дар дубайтиҳои халқӣ ва ҳам дар дубайтиҳое, ки адибон эҷод намудаанд, радиф мақоми муҳим дошта, ба он ҳусни баён ва ҳаловат мебахшад. Барои тақвияти ин андешаҳо дубайтиҳои зерин ба модар бахшидаи Лоиқро меорем:

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ,
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.

Дилам хоҳад равам бар кӯйи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар.
Тамоми рӯйи оламро бигаштам,
Надидам рӯйи хуш ҷуз рӯйи модар.

Истеъдоди фавқулоддаи дубайтисароӣ, ҳиссиёти баланди шоирӣ, истифодаи устодонаи санъатҳои бадеӣ ба Лоиқ даст додааст, ки дубайтиҳои аз ҷиҳати забону услуб, ғояву ороиши сухан зебову дилнишини замони моро сарояд ва аз ҷониби муҳаққиқон ҳамчун устоди жанри дубайтӣ эътироф гардад.

Аз миёни ҷамъи 746 дубайтиҳои шоир дар 6 дубайтӣ номи Лоиқ дарҷ гардидааст ва дар онҳо эҳсосоти шоир хубтару дилнишинтар баён гаштаанд.

Аз ҷумла:

Баҳори ман баҳори ошиқӣ буд,
Дилам дар ишқи ёрон содиқӣ буд.
Аз он шодам, ки баъди ман бигӯянд:
Замоне дар замин як Лоиқе буд.

Ду чашми равшани ман оинаи туст,
Китоби шеъри ман ганҷинаи туст.
Фаромӯшам макун, то зинда бошӣ,
Ки Лоиқ ошиқи деринаи туст.

Барои ҳар муҳаққиқ, олим ва ҳаводору муштоқи эҷодиёти Лоиқ ин дубайтие, ки шоир дар он марги худро пешгӯӣ кардааст, дардовар ва ғамангез аст:

Замон бар кас набуда ҳеҷ содиқ,
Замон бо кас бувад ёрӣ мунофиқ.
Ало, эй қарни бисту як, аҷаб нест,
Ки оғози ту бувад анҷоми Лоиқ.

Чаҳорпораҳои шоир зиёда аз 400-то буда, ӯ дар гуфтани муфрад қалами тезу бурро ва шоиронаву устодона дошта, дар раванди таҳқиқ равшан гардид, ки теъдоди он беш аз 500 адад аст.

Шоир инчунин 18 маснавӣ, 2 тарҷеъбанд, 1 таркиббанд, 6 мусаллас, 2 қитъа, 1 мисраъ ва 1 маснавӣ-ғазал эҷод намудааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Лоиқ дар такя ба суннатҳои шеъри ниёгон ва асил худро чунин гудохтаву парваридааст, ки касе дар ин давра ба ӯ баробар шуда наметавонад.

Шоир андешаҳои фалсафию ҳикматомези худро бо ҳар гуна роҳҳо баён кардааст, ки яке аз усулҳои ин роҳи пешакардаи шоир дар эҷоди шеър, ин дарки масъулият ва ҳисси самимияти инсонӣ маҳсуб ёфта, метавон гуфт, ки ашъори шоир дар асл ва ҳақиқатан ҳам инсонсозу инсонпарварона гуфта шудаасту фардро бевосита бедор сохта ба талош ҳидоят мекунад. Ба он водор мекунад, ки шахсият буданро инсони комил эҳсос намояд ва барои инсонҳо намунаи ибрат бошад.

Лоиқ дар адабиёти муосири мо аввалин шоирест, ки чун бузургони адабамон «Соқиномаи имрӯзӣ» сурудааст. Ва дар фалсафаи ин суннати шеърӣ шоир чунон зиндагӣ, бурду бохти он ва мушкилоти онро пеши назар оварда, мушкилкушоӣ мекунад, ки ин худ навгоние дар ин қолаби шеър мебошад:

Бидеҳ косагул оби ангури мо,
Ки наздик созад роҳи дури мо

Ин ҷо шоир роҳи дури мо гуфта, ояндаи дурахшонеро, ки орзу дошт, ба назари хонанда наздик мекунад. Ва шоир матлабҳои худро баъзан, дар як мисраи том мефаҳмонад, ки ба тафсир ҳоҷат надоранд.

Аз ҷумла:

Бидеҳ косагул, оби ангури мо,
Ки ширин шавад толеи шӯри мо…
…Бидеҳ косагул, оби ангури мо,
Алорағми ин даври ноҷӯри мо!

      **************************

Бидеҳ косагул, оби ангури мо,
Ки равшан кунад даҳрро нури мо!
…Бидеҳ косагул, оби ангури мо,
Биафзо ба бозуи мо зӯри мо!

Бидеҳ косагул, оби ангури мо,
Ки бинем он рӯз манзури мо!

Шоир дар овардани вожаи «косагул» рамзи қадаҳ, ҷомро мепиндорад, ки муҳтавои он на шароб балки оби маърифату хирад асту дониши худшиносона, ки моро ба мақсадҳо мерасонад. Ва инро шоир чун классикони адабиётамон рамзан манзур кардаву фалсафаи рӯзгори пур аз тазоди моро беҳбудӣ мехоҳад. То дар оянда ин халқу ин миллати бузург пойдор бимонаду пири рӯзгори олам чун буд, боқӣ бимонад.

Шоир чунон риндона сухан мекунад, ки қавму миллати хешро аз парокандагӣ ва дурӣ аз ҳиҷрону ҷудоӣ аз парешдавлатиҳои номуросо, ки дар замонаш низ ҳукмфармо буд, халосӣ хоста, мардуми тоҷику форсизабонро, ки як пайванданд, ба ҳам дидан мехост ва дар муттаҳидиву якмаслакии онҳо мекӯшид:

Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,
Ҳама қатраҳоему дарё шавем,
Ҳама волаи ҳусни воло шавем,
Зи пастии худкомӣ боло шавем.

Лоиқ бо фалсафаи амиқ ва нозукбаёнии худ дар «Соқинома»-аш гуфтанист, ки мо кӣ будем, кӣ ҳастем ва бояд ки имрӯз ва дар оянда кӣ шавем.

Дар эҷодиёти Лоиқ хонанда ба зудӣ ҷовидонии шоирро ҳис кардаву ба ӯ эътиқод меорад, ки ин ҳама аз суннатпарварии шоир дар офариниши шеъри нав дар замони муосири мост.

Шоир дар ашъори худ на танҳо миллати моро тараннум кардаву баҳри бедорӣ ва хештаншиносии онон кӯшидааст, балки дӯстдори инсоният ва тамоми мардуми олам будани худро исбот ва эълон мекунад, ки мисраъҳои зерин:

Ишқ бошад, меҳр бошад, ҳам амонӣ дар ҷаҳон,
Завқ бошад, ханда бошад, ҳам вафои дӯстон.

Меҳру ишқу муҳаббат ва амну осоиштагиро дар олам хоста орзу карда, шодиву сурури дӯстонро амоли нек ҳисобидааст.

Лоиқ Рӯдакивору Фирдавсивор баъди ҳазор сол Лоиқвор суханварӣ кардааст, ки ҳаёти имрӯзаи моро тасвир мекунад ва бо қолаби нави афкору ақида ва инсонсозӣ. Воқеан, Лоиқ баъди 1000 соли фавти Рӯдакӣ ба дунё омадааст: 941 ва 1941 – расо 1000 сол, яъне даҳ сада.

Метавон таъкид кард, ки чун дар маҳфилу нишасте бо дӯстон ва ё ҳамсабаќон кас нишинад, бештар ҳангоми таҳлилу баҳрамандӣ аз шеъри Лоиқ ва забони шеъри ӯ суханони аксари аҳли нишаст, аксари мардуми худогоҳ, ки аз нуқли маърифати шеъру шоирӣ дарак доранд, садо медиҳад, ки Лоиқ дарду дармони дили маро гуфтааст, изтиробу талотум ва шӯру шарёни рагҳои ҳассоси равони маро сурудааст, мушкилоту армони хонадони маро гуфтааст ва ё он чизе ки ман дар дил дорам ва мепарварам ҳамонро ба қалам овардаву аз забони ман сурудааст. Дар ҳақиқат, баъди шиносоӣ бо ҳар як банд шеъри устод метавон хулосае намуд, ки шоир ҳамеша бо халқ асту аз ниҳоди халқ суханварӣ мекунад.

Дар адабиёти тоҷик ба нахустин «Модарнома» асос гузоштан ва нахустин шеъри муосирро дар васфи модар сурудан худ як навгонӣ ворид кардан ба адабиёт буд, ки ин анъана оҳиста-оҳиста ба расмияти мавзӯи шоирони тоҷик даромадааст. Шоир ин анъанаро баъди ошноӣ бо ҷаҳони маънавию эҷодии Эраҷ Мирзову Есенин дар худ касб карда, бо мутолиа ва ошноӣ ба осори Расул Ҳамзатов дар катибаҳои худ дарди дил мегӯяд ва ин навгониро низ идома медиҳад, ки он худ дар адабиёти классикии мо роиҷ буд.

Бо ба баҳри бекарони ашъори шоир ғӯта задану аз он баҳра бурдан ва ба муроди дил расидани инсон, метавон зикр намуд, ки ба андешапарварӣ ва эҷоди шеъри ҳикматомезу пур аз фалсафаи ин давра дар адабиёти тоҷик (асри ХХ) Лоиқ асос гузоштааст. Ва мактаби Лоиқ дар шоирӣ мактабест, ки ба хонандаи борикбину хушзавқаш лаззати устодӣ мебахшад ва ҷаҳонкушои афкори онҳо мегардад.

Дар ин иқдом шоирро истеъдоди фитриву ҳофизаи қавӣ ва ақли расо доштан, нозукфаҳмиҳову нозукбинишӣ, хуб дарк кардани ниёзи мардум, дарди онон, набзи замона ва ҳеҷ гоҳ аз кори кардаи худ қаноатманд набудан ва нашудан, серталабӣ нисбати хеш ва ҳаммаслаконаш аз дигарон Лоиқро фарқ мекунонад ва ҳамеша дар паи омӯзиш будан, ки аз хиради лобалои шоир дарак медиҳад, ӯро машҳур гардонида буд. Шеърҳои шоирро ба шеъри дигарон махлут кардану мушобеҳ донистан мумкин нест, зеро ӯ дар доираи мактаби хоси худ сухан офаридаву дурри маънӣ суфтааст.

Роҳи бузурги Лоиқ дар тозаву беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикиамон ин аст, ки ӯ забони моро аз вожагону таркибҳои иқтибосии бегона, аз тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарф, ки забонро хеле хароб ва аз заминаи миллӣ дур бурда буданд, пок карда, беҳтарин, зеботарин, шевотарин ва нобтарин калимоту таркиботи матрукро аз нав зинда намуд ва аз гӯйишҳои тоҷикӣ бисёр вожаву ибораҳои ноби тоҷикиро ба шеър ва ба забони китобӣ ворид кард, забонро ба асолати худ наздик оварда, сабки хуросониро ба замини аҷдодон, ба маснади аслиаш нишонд.

Раҳим Зулфониён – устоди ДСРТ


06-597x375.jpg
loik-sherali (1).jpg
Loik-SHerali.jpg
×