Top.Mail.Ru
Хатари терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
Новости

Хатари терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро паси сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молӣ ва ҷониву зеҳниро ба бор оварданд. Аз ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, бақои Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаматарафаи суботи комил барои пешгирӣ ва решакан намудани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, алалхусус терроризму экстремизм зарурат дорад.

Дар ҷаҳони муосири имрӯз равандҳо ва зуҳуроти номатлубе мавҷуданд, ки на балки ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон дар маҷмӯъ ба кулли аҳолии сайёра таҳдид мекунанд. Дар қатори чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро рӯи кор оварда, дар ҳама минтақаҳои кишварҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи тамоми созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон гардидааст. Гарчанде, ки падидаҳои мазкури номатлуб мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри навин симои навро ба худ гирифта, ҷавҳари онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо намудааст. Имрӯз ва минбаъд низ терроризм ва экстремизм ҳамчун равияҳои хавфноктарин таҳдидҳо барои мардуми сайёра ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад ва бо истифода аз технологияи инноватсионии муосир, ки босуръат рушд карда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Бояд зикр намоем, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям гаштанд. Ба ҳалокат дучор гаштани ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, махсусан қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари даҳшатовар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як гурӯҳи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», гувоҳӣ он аст, ки ин раванди номатлуб ба ягон дин ва аҳкоми он рабте надоранд.

Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳои ҷаҳони муосир марказҳо ва пажӯишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф раванди экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Мафҳуми экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мегардад. Бар замми ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун раванди иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст ва ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд ва ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қурбонии терроризим дар ин ё он минтақаро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар он, ҷавонони имрӯзаро зарур мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгарро ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳанд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Бояд зикр намуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст, ки яке аз онҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, таҳти №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби ҷаҳони имрӯза буда, фаҳмиши он дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва фарҳангӣ ва монанди он дониста мешавад. Экстремизм бошад, дар худ хислатҳои ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи хело зич дорад ва бо ибораи дигар оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале ҷомеаи имрӯзаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то бидонем, ки ин ҳарду падида комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибатҳои басо нангин ва нохушро доранд.

Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар боварии комил доранд ва талаби онро доранд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, аз паи омӯзишу тадқиқ мегарданд ва дар рушди босуботи кишвари азиз нақши худро хоҳанд гузошт. Зеро қабули Қонуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯхи хоссаи роҳбарият ба ин қишри ҷомеа аст.

Пас аз қабул гардидани ин санади муҳим, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад.

Яке аз мавзӯъҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи имрӯзаи кишвар гаштааст, ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани маили ҷавонон ба арзишҳои кишварҳои бегона мегардад.

Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ҷавонон ба он нигаронида шудааст, ки дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул дода, барои бедор намудани ҳуввияти ватандӯстӣ кӯшиш ба харҷ дод.

Ҷавонон бояд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш гардида, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони бузурги гузаштаамон, амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, вахдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Пӯлотова М., муаллими калони кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

×