Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар замони муосир кӯшиш менамояд, ки бо истифода аз истиқлолияти сиёсии хеш манфиатҳои миллии худро дар сатҳи зарурӣ муайян намуда, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии худро марҳила ба марҳила таъмин намояд. Дар асл, амалӣ намудани мақсадҳои мазкур, ки афзалиятҳои давлату миллатро ташкил медиҳад, воқеан кори басо мушкил аст. Бинобар ин, дар раванди инкишофёбии давлатдории миллӣ таҳкими истиқолияти сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар баъзе ҳолатҳо монеаҳое пайдо мегарданд, ки сабабгори тадбиқ нагардидани ҳадафҳои дар пеш гузошта мегарданд.
Дар миёни падидаҳои номатлуби замони муосир ифротгароӣ зуҳуроте мебошад, ки ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакатро ноором гардонида, ба сохтори конститутсионии ҳар мамлакати соҳибистиқлол таъсири манфии худро мерасонад. Омӯзиши ифротгароӣ имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама, моҳият ва хусусиятҳои ин падидаи номатлуб муайян карда шавад. Аммо, барои пешгирӣ намудани инкишофи ифротгароӣ, мубориза бурдан бо ин зуҳуроти манфӣ омӯзиши инкишоф ва пайдоиши он хеле зарур мебошад.
Таърифи аниқу муайян додани мафҳумҳои мазкур, бахусус ифротгароӣ на факат барои таҳияи меъёрҳои бо ҳам монанди ҳуқуқӣ, балки бо мақсади вусъат додани корҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ дар миёни аҳолӣ зарур аст. Зеро дар айни замон, дар кишварамон, на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси ин зуҳуроти нангини ҷомеа тасаввуроти равшан доранд. Дар адабиёти фалсафӣ ва сиёсӣ таърифи умумии эътирофшудаи ифротгароӣ вуҷуд надорад. Чунонки дар тадқиқотҳои илмӣ зикр гардидааст, дар зери ниқоби ифротгароӣ аксаран зуҳуроти мухталиф: аз шаклҳои гуногуни муборизаҳои синфӣ ва озодихоҳона, ки истифодаи зӯроварии сиёсиро роҳандозӣ мекунанд, то ҷинояткориҳои аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша содиршаванда бо ҳам омезиш меёбад.
Ифротгароӣ таваҷҷуҳи зиёди муҳаққиқони соҳаи динро ба худ ҷалб мекунад. Барои муборизаи бомуваффақият бар зидди ифротгароӣ муҳаққиқон дарки консептуалии ин зуҳуротро махсус қайд менамоянд: навъҳои он, дурнамои рушд, мувофиқ будани амалҳои зидди ифротгароӣ, тафовут дар миқёс, мазмун, ангезаи зуҳурот; инчунин зарурати додани баҳои илмӣ ба карорҳои қабулшуда дар бораи таъсироти зидди ифротгароӣ ва ғайра дар рафти тадқиқи масъалаи мазкур мавриди назари ҷиддӣ қарор мегирад. Аммо, чунон ки пажӯҳишгари шинохта А. Журавский қайд мекунад, то ҳол «дар ҷомеа коршиносон дар бораи он ки ифротгароии динӣ дар табиат вуҷуд дорад ё на, тасаввуроти дақиқе надоранд. Дуруст аст, ки то имрӯз илм заминаи методологӣ ва усулҳои омӯзиши моҳияти ифротгароии диниро таҳия накардааст».
Мафҳуми «экстремизм» ифротгароӣ аз калимаи лотинии «extremus» сарчашма гирифта, маънои «канора”-ро дорад. Дар аксари адабиёти мухталиф, чӣ соҳавӣ бошад ва ё чӣ муҳоваравӣ, зери мафҳуми «экстремизм» ба таври анъанавӣ, пойбандӣ ва рӯ овардани инсон ба дидгоҳ ва арзишоти сатҳи гуногуни канора (махсусан дар сиёсат) дониста мешавад. Зери мафҳуми «экстремист» бошад субъект, инсон ва ё фарди нигоҳдоранда ё пайрави арзишоти болозикр фаҳмида мешавад.
Аз назари луғавӣ калимаи «ифрот» аз забони арабӣ буда, аз решаи «фарт» яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шуда аст. Дар истеъмоли умумӣ ифрот ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ё зиёдаравӣ кардан мебошад. Ибораи ифрот кардан ба маънои аз худ гузаронидан ва аз эътидоли тавозун берун шудан аст.
Тибқи моддаи 1 қисми 1 Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва сеппаратизм зери мафҳуми «экстремизм» амалҳои ғасби ғайриқонунии ҳокимият, нигоҳдошти иҷбории он ва бо роҳи зӯрӣ ва иҷборӣ иваз намудани сохтори конститутсионӣ фаҳмида шуда, хатарпазир гардонидани амнияти ҷомеа, пайвастан ба ташкилотҳои дорои чунин ҳадаф ва иштирок дар амаллиётҳои ғайриқонунии мусаллаҳона баробар ба экстремизм дониста мешавад.
Фаҳми васеъ ва умумии мафҳуми «экстремизм»-ро дар шароити ҳозираи инкишофи босуръати донишҳои сиёсӣ низ пайдо намудан осон нест. Нисбати мафҳуми мазкур, асосан нигоҳи сабуке дар донишномаҳо пайдо мегарданд. Дар бештари вақт «экстремизм»-ро ҷонибдорӣ аз чорабиниҳо ва андешаҳои канора (одатан дар сиёсат) маънидод менамоянд.
Муҳақиқи рус Н.Е. Макаров. қайд менамояд, ки мафҳуми ифротгароӣ аввалин маротиба чун категорияи илмӣ ҳуқуқшиносӣ фаронсавӣ М. Лерой дар оғози қарни ХХ мавриди истифода қарор дода буд. Ӯ хосияти ин ҷараёни сиёсиро талабот ба доштани эътиқоди мутлақ ба ғояи сиёсии ташвиқшаванда аз тарафи пайравонаш медонист. Баъзан муҳақиқони соҳавӣ вобаста ба масъалаи баррасишаванда дар тақиқотҳҳои худ чунин андеша доранд, ки «... истилоҳи ифротгароӣ соли 1838 аз ҷониби файласуфи немис, Вилгем Траугот Круг, мавриди истифода қарор гирифтааст. Файласуф қайд мекунад, ки «Гурӯҳҳои ифротгаро ҳамонанд, ки фазои миёнаро эътироф кардан намехоҳанд ва худро бошад, дар «канора» роҳат ҳис мекунад. Албатта, гурӯҳҳои ифротӣ дар фазои миёнаи иҷтимоӣ наметавонанд ба ҳадафҳои ифротии худ бирасанд ва пайваста мекушанд, то аз фазои солими иҷтимоӣ канор рафта фазои иҷтимоӣ худро бисозанд ва ақидаҳои ифротии худро болои мардум таҳмил намоянд”. Ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию сиёсӣ дар натиҷаи ҳаракатҳои муайяни қувваҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст ва фаъолияти онҳо ба самте равона шудааст, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳояшон танҳо усулҳои зӯроварӣ, моҷароҷӯӣ, фитнагарӣ ва монанди инҳоро истифода мебаранд.
Аз солҳои 50-уми асри XIX истилоҳи «экстремизм» — ифротгароӣ дар матбуоти сиёсии Англия пайдо гардида, сараввал озодона мавриди истифода қарор гирифт, то он даме, ки роҳбари ҳизби либералӣ ва Сарвазир лорд Палместоро дар матбуот ифротгаро ном бурданд. Сипас вожаи «экстремизм» ифротгароӣ дар матбуоти Амрико мавриди истифода қарор гирифт. Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Амрико солҳои (1861-1865) рӯзномаи демократҳои шимолӣ Амрико, тарафҳои даргирро, яъне шимол ва ҷанубро ифротгароёни ҳарду канори кишвар ном бурданд.
Д. Ушаков дар Луғати тафсирии худ, ки солҳои 1935-1940 нашр шудааст, вобаста ба истилоҳ ва моҳияти ифротгароӣ таърифи зеринро пешниҳод намудааст: «экстремизм» ифротгароӣ аз калимаи лотини гирифта шуда, маънои «канорӣ”-ро дорад, яъне «экстремизм» ифротгароӣ майл ва ҳавасмандӣ доштан ба андешаҳои аз ҳад зиёд канорӣ дар сиёсат аст.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ то нимаи дуюми соли 1950 истилоҳи «экстремизм»-ифротгароӣ дар матбуот ва адабиётҳо хело кам ба чашм мерасид. Пеш аз ҳама, ин муносибати мусбат намудани роҳбарияти Шӯравӣ ва ҷомеа ба усулҳои идеологияи инқилобӣ ва радикалии самти чапгаро вобаста мебошад. Идеологияи радикалии ростгаро аз соли 1920 чун қоида, аз консепсияи колективии «фашизм» ба ҳисоб мерафт”.
Муҳаққиқи тоҷик Г.Н. Зокиров чунин андеша дорад, ки «Бисёр мафҳумҳо ва категорияҳо ба таври мафҳумӣ мавриди истифода қарор доранд ва таърифҳои умумиро пайдо накардаанд. Андешаҳои том дар бораи маъно ва мазмуни онҳо вуҷуд надорад. Дар аксари мавридҳо ба назар мерасад, ки онҳо фаҳмоанд. Масалан, бештари одамон баробари шунидани мафҳумҳои «экстремизм», («ифродгароӣ»), «исломигароӣ», «терроризм» ва ғайраҳо дар мадди аввал мепиндоранд, ки барои бештари онҳо маънои чунин мафҳумҳо фаҳмо бошанд. Чунин ҳолатро дар байни олимон низ дар бештар вақт мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ин хотир, бештар муаллифон ба шарҳу эзоҳи онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир наменамоянд”.
Дар илми сиёсӣ ифротгароӣ баҳои манфӣ додашуда, зери фаъолияти ифротгароӣ амалҳои зиддиҷамъиятии канораи инсонҳои алоҳида фаҳмида мешавад, ки аксари кулли онҳо манфӣ арзёбӣ гардида, қобили қабул нестанд. Аз нигоҳи донишҳои сиёсӣ бо арзишоти фарҳангию иҷтимоии ҳаёт ва фаъолияти инсон, ки характери позитивиро доранд, дар таззод қарор дошта, фаъолияти ифротгароӣ ҳамчун ғоя ва амалкардӣ маҳвкунандаи ҳуввияти шахс дониста мешавад.
Ба андешаи профессори амрикоӣ Р. Фолк «ифротгароӣ зӯроварии сиёсиест, ки асосҳои муносиби маънавӣ ва ҳуқуқӣ надорад, бесарусомони ё зӯровариро алайҳи афроди бегуноҳ истифода мекунад”. Зикр кардан ба маврид аст, ки ифротгароён ҳамеша ба ақидаву таълимоти мусбату зиндагисоз, ки мақбулу писанди аксари мутлақи ҷомеа мебошанд, муқобил меистанд. Аксаран, ифротгароён зархаридони кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, манфиати онҳо бо ҳам мувофиқат мекунанд.
Доир ба пайдоиши ифротгароӣ сиёсатшинос-коршиноси соҳаи амният Н.А. Наматов иброз медорад, ки «Ифротгароӣ дар асрҳои XIX ва XX ба хотири ишғоли мавқеъи мухолиф баҳри секуляризатсия ва ҷудоии илму фарҳанг аз дин ва андешаҳои марбут ба модернизм ба вуҷуд омада, сабаби асосии густариши он дар ибтидо ва солҳои охири асри XXI дар доираи муборизаҳои кратополитикӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани падидаи мазкур аз ҷониби субъектони гуногуни фаъол ва ғайрифаъоли низоми муносибатҳои байналхалқӣ мебошад”.
Муҳақиқи рус В.Н. Томалинcев дар таҳқиқоти худ мафҳуми ифротгароиро таҳлилу таҳқиқ намуда чунин аyдеша дорад, ки «Агар дар гузашта ифротгароӣ идеали чанд нафар буд, ҳоло ба шарофати ризоияти сиёсатмадорони бемасъулият, ва кӯшиши воситаҳои ахбори омма, ба ҷаҳонбинӣ ва шуури оммаи мардум ворид шуда, тарзи ҳаёти рӯзафзуни одамонро аз худ мекунад».
Муҳаққиқи дигари тоҷик, Г.Н. Зокиров бо омӯзиши мафҳуму моҳият ва таркиботи хосси ифротгароӣ диққат намуда онро дар низоми ҷадиди олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин медонад. Ӯ қайд менамояд, ки новобаста аз он, ки ифротгароӣ дар кадом соҳа ба вуҷуд омада аст набояд фаромӯш кард, ки он аксаран хусусияти сиёсӣ дошта, зуҳури он сабаби дар оянда ба бадбахтӣ кашида шудани миллатҳову ҷомеаҳо хоҳад буд.
Г.Н. Зокиров чунин андеша дорад, ки «дар маҷмӯъ, сабабҳо ва заминаҳои ҷараёнҳои ифротгароӣ, аз ҷумла шакли мураккабтарини он — ифротгароии сиёсиро тарзи ҳаёти одамон ва муносибатҳои сиёсии ҷомеа ташкил медиҳанд. Омилҳои зиёде заминаи ба амалҳои канора, зӯроварӣ ва радикалӣ даст задани ашхоси гуногун ва неруҳои сиёсӣ мегарданд. Шароити бади зиндагӣ, гуруснагӣ, қашшоқӣ ва омилҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ дар беҳтар ҳолатҳо ташаккули ҷараёнҳои ифротӣ саҳм мегиранд. Инкишофи буҳронии ҷомеа ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири манфӣ мерасонад. Одамонро ноумедиҳо фаро мегиранд. Аз мақоми иҷтимоии хеш бенасиб гашта, дар низоми навин ҷойи сазовор намеёбанд. Арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсӣ иваз мегарданд. Таҳаввулоти мафкуравӣ ба амал меояд. Муддати тулонӣ дар ҳолати нокомӣ зистан ба одамон таъсир мерасонад. Одамон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва мавҷудият даст ба амалҳои иртиҷоӣ мезананд».
Аз нуқтаи назари низоъшиносӣ, ифротгароӣ ҳамчун истифодаи воситаҳои барангехтани робитаҳои манфии тарафайн, воситаи мубориза барои халалдор кардани сулҳу осоиш, барангезандаи низоъҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ифротгароӣ наметавонад ба ҷуз ихтилофангезӣ чизи дигаре бошад. Дар ифротгароӣ афзоиши муборизаҳои низоъангез то ҳадде бартарӣ дорад, ки ҷое барои сулҳ боқӣ намемонад. Ин шакли низоъ ҳангоме ки воситаҳои мусаллаҳонаи мубориза мавриди истифода қарор мегиранд, ба худ маънои дигарро касб мекунад.
Ба ақидаи М. Хидирзода гурӯҳҳои ифротӣ бошад, ин иттиҳоди шахсонест, ки дар доираи ягонагии эътиқодӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ муттаҳид гашта, мақсади амалӣ намудани фаъолияти экстремистиро доранд. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ асосан шохаҳои ташкилот ва ҳаракатҳои экстремистии байналмилалӣ буда, бо нишондод ва дастгирии молиявии бевоситаи онҳо фаъолият мекунанд. Дар баробари ин фаъолияти тарғиботӣ ва ҷалбкуниро низ ба анҷом расонида баҳри густариши ғояҳои ифротӣ дар ҷомеа саҳмгузор мебошанд.
Муҳиқиқи дигари тоҷик Д.М. Саидов ба таври умум, заминаҳои ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои дини-ифротӣ, сарчашмаҳои ғоявии онҳо, усулҳои ҷалби омма, махсусан ҷавонон ба сафашон, роҳҳои таъмини амнияти маънавии ҷомеа ва воситаҳои пешгирӣ намудани ин таҳдидҳои харобиовар ба ҷомеаи муосир ба шакли консептуалӣ таҳлилу таҳқиқи намуда чунини андеша дорад, ки «Фаъолияти гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ, пеш аз ҳама, алайҳи маънавиёт ва афкори сиёсии ҷомеа равона гардида, дар ин замина сабаби ақидаҳои ифротии худро ҳамчун идеали аслии ҳаёти башарӣ ва сарчашмаи бунёдии динӣ тавассути субъектҳои таблиғоти муаррифӣ менамоянд”.
Дар раванди таҳқиқи хусусиятҳои муҳимми ифротгароӣ ва таҳлилу баррасии паҳлуҳои гуногуни он саҳми муҳақиқи тоҷик Ҷ.Х. Ашурзода назаррас буда, диққати асосиро ба моҳияти ифротгароии динӣ-сиёсӣ ҷалб намуда чунин андеша дорад, ки «Дар шароити муосир ифротгароии динию сиёсӣ на танҳо ба амнияти миллии давлатҳои мутамаддин, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба таври ҷиддӣ таҳдид менамояд. Ифротгароии динию сиёсӣ махсусан ба тамомияти ҳудудӣ, ба сохтори конститутсионии давлат, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад. Ифротгароие, ки ба барангехтани кинаю адоват ва хусумату бадбинӣ нигаронида шудааст, метавонад низоъҳои мазҳабӣ ва этникиро ба вуҷуд оварад, ки чунин ҳолат бевосита ба суботи сиёсии давлат таҳдид менамояд. Тӯли ду даҳсолаи охир ифротгароён бештар ба амалҳои террористии муташаккил ва дорои хусусияти динию мазҳабӣ рӯ овардаанд”.
Муҳаққиқи дигари тоҷик Ф.С. Ғайратова дар рисолаи илмии худ хусусияти ифротгароиро таҳлил намуда чунин андеша дорад, ки «ифротгароӣ — ҳамеша хислати манфӣ буда яке аз шаклҳои бегонашавӣ, пеш аз ҳама бегонашавӣ аз арзишҳои умумифарҳангӣ ва умумиинсонӣ мебошад. Ифротгароӣ — аз лиҳози иҷтимоӣ ғайриоддӣ мебошад, зеро дар он ду хислати муайянкунандаи моҳияти он ба назар мерасанд: а) зиёдаравӣ аз остонаи имконпазирӣ б) унсури бадӣ, ки дар мафкура ва амалҳои баъдӣ зоҳир мегардад”.
Ҳамин тариқ ифротгароӣ таҷассумгари воситаҳои таъсири мутақобилаест, ки дар он амалҳои яке аз ҷонибҳо аз ҳад берун, яъне аз талаботи қонун, анъанаҳо, ахлоқ, дин ва дигар меъёрҳо боло меистад. Аз нуқтаи назари низоъшиносӣ, ифротгароӣ ҳамчун истифодаи воситаҳои барангехтани робитаҳои манфии тарафайн, воситаи мубориза барои халалдор кардани сулҳу осоиш, барангезандаи низоъҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Имрӯзҳо дар шароити ҳассосу таҳаввулпазири ҷаҳони муосир таҳдуду хатароти дар ҳоли вуқуъ ва амалкунандаи таҳдидгар ба амнияту суботи сартосарии ҷомеаи башарӣ ба таври бесобиқа ва ба шаклу навъҳои мухталиф боло гирифта аст. Ҷаҳони муосир ба як қатор мушкилоту муаммоҳои ҷиддӣ аз қабили экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир, фуруши аслиҳа ва ғайра рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа дар аксари кишварҳои ҷаҳон на танҳо оромиву субот, балки тамомияти арзӣ ва ҳатто мавҷудияти онҳо зери суол қарор гирифта аст. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки ба хотири дифоъ аз манофеъи сатҳи гуногуни хеш ва таъмини якпорчагиву ваҳдати кишварамон бо мавриди омӯзиш қарор додани тамоми он хатароти таҳдидгар ба суботи сиёсии мамалакатро мавриди омӯзиши амиқ қарор додаву манфиатҳои миллии Тоҷкистони азизро дар тамоми сатҳу соҳа ба пуррагӣ дифоъ намоем. Зеро агар мо аз манфиатҳои хеш дифоъ нанамоем, маҳв мешавем. Ба нуриҳои минералие табдил меёбем, ки абарқудратҳо аз мо решаи худро ғизо хоҳанд дод.
Дабирҷони Маҳмад, доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносӣ, муовини декан оид ба таҳлими факултети дипломатия ва сиёсати АИДНПҶТ
Маҳмадшозода Маҳмадризо курси якуми докторанти доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносии Инистути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИМТ