«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад». Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он имсол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро бо тантанаву шодии беканор ҷашн мегиранд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии миллати тоҷик аст. Халқи тоҷик барои ба истиқлолияти комил расидан ва давлати мустақил эътироф шудани Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ёд нахоҳад бурд.
Пешвои муаззами миллат ҳамчун фарзанди содиқи халқи тоҷик барои зиндаву поянда нигоҳ доштани халқу миллат хизматҳои шоиста анҷом дода, дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Он кас халқи парокандаву рӯҳафтодаро, ки дар байни ҷунбишҳои гуногуни сиёсӣ қарор доштанд ва ҳатто ба хотири чунин ҳодисаҳои даҳшатангез тарки Ватан карда буданд, ба ҳам оварда, барои барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон талошҳои зиёде намуданд. Барои соҳибистиқлол гардонидани Тоҷикистон Пешвои миллат мушкилиҳои зиёдеро паси сар карданд, ки бо чанд ҷумла баён кардани онҳо номумкин аст. Хусусан солҳои нахустини истиқлолият барои миллати тоҷик давраи бисёр мушкилу пур аз лаҳзаҳои ғамангез буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист истиқлолият ва озодии Тоҷикистону тоҷиконро ҳифз намояд. Тавре қайд кардем, Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ки ин боиси ифтихору сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ тавонист, ки баъди чандин асрҳо истиқлолияти худро барқарор намояд.
Воқеан, халқи тоҷик дар бисёр давраҳои таърихӣ зери бори гарони дигар миллатҳо қарор дошт, аммо ба ин нигоҳ накарда, дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин халқи пуршараф тавонист давлатҳои мустақили худро барпо намуда, ҳудудҳои худро мустаҳкам ва халқро аз бори гарони дигарон озод намояд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».
Истиқлолият – ин неъмати бебаҳоест, ки Худованд барои бандагонаш ато гардондааст. Сулҳу субот, хушбахтиву сарбаландии ҳар як миллат маҳз ба истиқлолият вобастагӣ дорад. Ин яке аз бузургтарин, ноёбтарин ва қиматтарин дороиҳоест, ки доштани он ба ҳар халқу миллат муяссар намегардад, чунки барои ба даст овардани истиқлолият бояд талошу кӯшиши бешуморе анҷом дод. Истиқлолият рукни асосии давлатдорӣ мебошад. Воқеан, бо доштани истиқлолият давлат метавонад тараққӣ намуда, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро рушд диҳад, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бунёд намояд ва шаҳрвандон соҳиби ҳуқуқу озодиҳои худ гарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро баъд аз пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овард. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он давра яке аз бузургтарин давлатҳои абарқудрат ба шумор мерафт, рӯзе пош хӯрда, ба қисмҳои мустақил ҷудо мешавад. Раванди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ дар нимаи дуюми солҳои 1980-ум дар ҷараёни бозсозӣ оғоз ёфт, вақте ки Котиби генералии ҲКИШ (1985–1991) М. С. Горбачёв ташаббуси гузаронидани ислоҳотро бо мақсади суръатбахшии рушди иқтисодӣ, ошкорбаёнӣ ва демократикунонии ҳаёти давлатӣ ва иҷтимоию сиёсӣ пеш гирифт. Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ хоҳиши ба даст овардани истиқлолияти бештари давлатӣ ва иқтисодӣ аз маркази иттифоқӣ доштанд, ки ин ҳам яке аз аломатҳои асосии пошхӯрии ИҶШС буд.
Ҳамаи ин чораандешиҳо ва худсарона рафтор кардани баъзе гурӯҳҳо боиси ҷангу низоъҳо байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои соҳибихтиёр гаштану зиёд намудани қаламрави давлатҳояшон гардид. Дар як вақт бародарона ва якҷоя зиндагӣ карда, баъзе аз ин халқияту миллатҳо душмани якдигар гаштанд. Бӯҳрони иқтисодӣ низ ба амал омад, ки дар натиҷа ҳокимияти марказӣ қобилияти идоракунии вазъиятро дар кишвар аз даст дод. Тоҷикистон низ дар байни ҷангу низоъҳои зиёде қарор гирифт ва охири солҳои 1980-ум дар дохили кишвар ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ барои истиқлолият оғоз ёфтанд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бори аввал «Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон» қабул гардид. Аммо, мутаассифона, ин ҳуҷҷат истиқлоли комили Тоҷикистонро ба пуррагӣ таъмин карда натавонист. Пас аз «табаддулот»-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода, ки коммунистони тундрав 19–21 августи соли 1991 дар шаҳри Москва ташкил намуда буданд, муборизаҳои созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлоли комил аз Иттиҳоди Шӯравӣ аз нав авҷ гирифтанд. Дар дохили ҷумҳурӣ гирдиҳамоиҳои серодам ва нооромиҳои зиёде баргузор гардиданд, ки сабаби асосии ин гирдиҳамоиҳо талаби эълон намудани истиқлолияти давлатӣ буд. Ҳамаи ин нобасомониҳо ва талаботи тазоҳургарон боиси даъват шудани Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гардид. Вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро 9 сентябри соли 1991 қабул намуданд. Айнан ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. 9 сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёрии конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд. Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд: ҳукмравоии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани ҳама корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва дигар амвол. Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти худ низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Баъд аз қабули Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қонуну қоидаҳои нав ҷорӣ гардида, қарорҳои гуногун қабул шуданд. Пас аз пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва эълон намудани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гардид ва то имрӯз саҳми бузурги худро дар фаъолияти ин созмони бонуфуз гузошта, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ фаъолона ширкат меварзад. 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 28 декабри соли 1993 Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 7 сентябри соли 1994 Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе Маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» мазмуни дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Истиқлолият барои насли имрӯза ҳам масъулияти бузург ва ҳам мояи ифтихор мебошад. Ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо бояд ин неъмати бузурги таърихиро қадр намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони насли наврас саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо, ҳамватанони азизро, бо 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аввалан бароятон тани сиҳат, хонаи обод, бахту саодат, табъи болида ва дар фаъолияти меҳнатиатон, ки барои беҳдошти Тоҷикистони азизу шарифамон сарф мекунед, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзумандам. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бимонед, ҳамватанони азизу гиромиқадр! Шукри истиқлолу сарвар мекунем, Шукри ободии кишвар мекунем. Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард, Шукри бому хонаву дар мекунем.
Давлатов З.Қ., магистранти соли 2-юми кафедраи таърихи умумӣ ва ватании факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии ДСРТ