Top.Mail.Ru
Амонатдорӣ чун заминаи рафъи коррупсия дар шароити Тоҷикистон
Новости

Амонатдорӣ чун заминаи рафъи коррупсия дар шароити Тоҷикистон

Даҳсолаҳои охир мушкилоти коррупсия ба яке аз муаммоҳои ҳалталаби ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Хусусан эълон шудани 9-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия аз муҳиммият ва хосияти умумибашарӣ доштани ин мушкилот дарак медиҳад. Мутаассифона, кишвари мо низ даҳсолаҳои охир аз мавҷудияти ин зуҳурот ранҷ мебарад ва сатҳи он боиси нигаронии аҳли ҷомеа ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гаштааст. Дар Паёмҳо ва суханрониҳои хеш Пешвои миллат ҳамеша нигаронии худро нисбат ба мушкилоти коррупсия баён намуданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар муқовимат бо коррупсия масъулиятшиносона ва бо ҷиддият муносибат намуда, роҳҳои самарабахши пешгирӣ ва рафъи ин мушкилро дарёбем. Зарур аст механизмҳои муассири муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб андешида шаванд, то сатҳи ин мушкилот кам гардад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳолати кунунии мушкилоти коррупсия метавонад ба паҳлуҳои мухталифи давлатдории миллии мо хатарзо бошад.

Дар шароити имрӯза заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва равонии зуҳури коррупсия мавҷуданд. Мушкилоти коррупсия ба зуҳуроти гуногунпаҳлу табдил гардидааст ва аз ин рӯ пешгирӣ ва ҳалли он низ василаҳо ва роҳу шеваи мухталифро тақозо менамояд. Албатта пешгирӣ намудани ин зуҳурот бештар ба нафъи кор аст. Аксари таҳқиқгарони мушкилоти коррупсия пешгирӣ намудани зуҳури ин мушкилро амри бештар зарурӣ мешуморанд. Ба андешаи мо ҳар як амале, ки дар самти муқовимат бо мушкилоти коррупсия ба роҳ монда мешавад аз аҳаммият холӣ нест ва ҳатто иқдоми кӯчаке дар самти пешгирии ин зуҳурот метавонад натиҷаҳои самарабахше ба бор оварад.

Албатта, дар замони муосир омилҳои мусоидаткунанда ба зуҳури мушкилоти коррупсия зиёд ба назар мерасанд. Хусусан даҳсолаҳои охир таъсири иттилоотии васоити ахбори мухталиф, тарғиби тарзи ҳаёти дабдабанок, тағйироти назаррас дар бозори истеъмолӣ, иваз шудани тасаввуроти мардум аз хушбахтӣ зери таъсири шабакаҳои иттилоърасонӣ ва дигар омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ сабаби боло рафтани тамоюли равонӣ ба коррупсия шудаанд.

Дар шароити имрӯза барои муқовимат намудан бо коррупсия ба роҳ мондани маҷмуи фаъолиятҳои зиддикоррупсионӣ зарур аст. Дар ин самт ба эътибор гирифтани роҳкорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равониро муҳим мешуморем. Хусусан ба эътибор гирифтани ҷанбаҳои ахлоқии масъала муҳим мебошад. Роҳкорҳои ахлоқӣ метавонанд дар самти пешгирӣ аз коррупсия бештар муассир бошанд.

Муҳаққиқони мухталиф дар самти муқовимат ба коррупсия ба эътибор гирифтани омили ахлоқиро муҳим донистаанд. Муҳаққиқи мушкилоти коррупсия Свенссон Ҷ. коррупсияро паёмади мушкилоти дигари ҷомеа мешуморад. Мувофиқи ақидаи ӯ коррупсия табиат ва сифати институтҳои қонунгузорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро инъикос менамояд. Бар замми ин коррупсия сифати ахлоқии мардум ва арзишҳои ҳукмрон дар ҷомеаро инъикос мекунад. Аз чунин мавқеъгирии ӯ бармеояд, ки ба зуҳур ва рушди коррупсия дар як ҷомеа арзишҳои ахлоқии ҳукмрон дар он бетаъсир буда наметавонанд. Он ҷиҳати масъала муҳим мебошад, ки дар як ҷомеа то кадом андоза арзишҳои ахлоқӣ ба зуҳуроти коррупсия мусоидат ва ё мухолифат менамоянд.

Муҳаққиқи дигар Роден Ҷ. низ чунин меандешад, ки зуҳуроти коррупсия аз як мушкилоти иқтисодӣ ба як масъалаи ахлоқӣ табдил ёфтааст.

Дар самти муқовимати ахлоқӣ бо коррупсия низ андешаҳои ҷолибе ироа гардидаанд. Барои мисол муҳаққиқ Семпсон С. то як андозае тамоми кӯшишҳои зиддикоррупсиониро чун ташаббуси ахлоқӣ мешуморад ва фаъолиятҳои муқовимат бо коррупсияро ҳамчун «нерӯи ахлоқӣ» ва ҳамчун «қисми тамоюли умумии ахлоқи глобалӣ ва асосноксозии ахлоқии муносибатҳои инсонӣ» баҳогузорӣ мекунад. Дар масъалаи муҳиммияти арзишҳои ахлоқӣ чун воситаи муқовимат ва мубориза бо коррупсия бархе созмонҳои байналхалқии фаъолиятбаранда дар самти ҳалли ин мушкилот низ таваҷҷуҳ намудаанд. Нашри дастури Маърифати бовиҷдонӣ (Education for Integrity) аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) аз ин ҳолат дарак медиҳад.

Дар сиёсати амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба гуногунпаҳлу будани мушкилоти коррупсия ва ҷалби васеи аҳли ҷомеа дар муқовимат бо он таваҷҷуҳ карда шудааст. Ҳанӯз соли 2005 дар вохӯрии хеш бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуда буданд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем». Дар навбати худ сарвари давлат муҳиммияти арзишҳои ахлоқиро дар муқовимат бо коррупсия низ ба таври махсус зикр намудааст. Барои мисол дар суханронии худ дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, «истифодаи мақсадноки боигарии маънавии мардуми мо яке аз воситаҳои асосии мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад, ки шаҳрвандон, бахусус, ҷавононро ба шукру қаноат ва ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ ҳидоят менамояд».

Ба андешаи мо яке аз роҳҳои муқовимат бо коррупсия ин тарбияи насли ҷавон дар руҳияи таҳаммулнопазирӣ бо ҳамагуна зуҳуроти коррупсионӣ мебошад. Дар ин маврид тақвияти рӯҳияи амонатдориро миёни аҳли ҷомеа яке аз кафолатҳои асосии пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ мешуморем. Аз ин рӯ, зарур аст ки тарбия ва тарғиби амонатдорӣ дар миёни аҳли ҷомеа ба роҳ монда шавад.

Дар ҳама давру замон, миёни пешгузаштагони мо амонатдорӣ чун арзиши муҳим дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шинохта шудааст. Аммо дар шароити имрӯза чунин ба назар мерасад, ки мавқеи ин арзиш дар миёни мардуми мо коста гардидааст, ё фаҳмиши маҳдуд аз он шакл гирифтааст. Дар шароити имрӯза шаҳрвандони кишвар аксаран амонатдориро дар нигоҳ доштани чизе назди худ ва ё молиёти ба касе супоридашуда мефаҳманд. Дар мавриди амонатдорӣ танҳо бо нигоҳдории пулу моли касе ва ё шахси алоҳидае иктифо менамоянд. Аммо дар мавриди дигар амонатҳое, ки ба онҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа вогузор шудааст, ё кору фаъолияте, ки ба онҳо боварӣ карда шудааст, ин арзиши муҳимро фаромӯш месозанд. Мутаассифона ҳолатҳои муҳимми дигаре чун сазовор будан ба боварии дигарон, иҷрои босифати масъулиятҳои дар назди худ дошта, ҳифз ва истифодаи самараноки моликияти давлативу ҷамъиятӣ, сарфаи мақсадноки молиёти давлативу ҷамъиятӣ чун амонатдорӣ дарк намуда намешавад, ки албатта ин боиси нигаронӣ аст.

Аз ин рӯ, зарур мешуморем дар миёни мардуми мо, хусусан қишри ҷавони аҳолӣ, ки дар оянда ба хизмати давлативу ҷамъиятӣ роҳ меёбанд, фаҳми фарогир ва васеъ аз амонатдорӣ тақвият бахшида шавад. Ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муваззаф карда шаванд, ки дар тарбияти мардум дар рӯҳияи амонатдорӣ ҳиссаи хешро гузошта бошанд. Маҳз доштани тафаккури фарогири амонатдорӣ боис мегардад, ки масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ боло рафта, онҳоро аз гирифторӣ ба зуҳуротҳои номатлуби коррупсионӣ боздорад. Доштани тафаккури амонатдорӣ чунин шароитеро ба вуҷуд меоварад, ки як нафар дар амалҳои худ меъёри дуруст ва ё нодуруст будани рафтори худро вобаста ба он бисанҷад ва баъдан даст ба кор шавад.

Дар шароити имрӯза зарур аст, ки ҳар як аъзои ҷомеа дарк намоянд, ки дар назди ҷамъият барои иҷрои коре амонатдоранд ва онҳоро зарур аст боварии ба онҳо кардаро суиистифода насозанд. Онҳоро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаи худ масъулиятшиносона муносибат намоянд. Дар ҷомеа ҳар нафаре дар иҷрои вазифаи ба ӯ вогузошта ва боваринамуда амонатдор аст ва ӯро зарур аст, ки аз боварии ба ӯ намуда суиистифода насозад.

Дар асл мафҳуми амонат ба мандати (ваколати) боваринамуда ба чизе аст. Он чунин маънӣ дошта метавонад, ки чизе ба ҷониби дигар бо боварӣ дода мешавад ва эътимод бар он карда мешавад, ки он чиз бехатар ва бо хубӣ нигоҳдорӣ мегардад.

Амонатдориро дар фарҳанги миллии мо метавон ҳамчун як консепсияи муҳимми ахлоқӣ шуморид, ки фаҳми васеъ ва фарогирро доро мебошад. Дар фарҳанги электронии вожаҷӯ мафҳуми амонат чунин шарҳ дода шудааст: (арабӣ) эмин будан 1), он чи ба касе месупоранд, то онро нигаҳдорӣ намояд ё онро ба дигаре бирасонад 2), муқобили хиёнат: ростӣ ва дурустӣ, вафо ба аҳд, бошарафӣ, сидқ, садоқат 3).

Чуноне ки аз фаҳми мафҳум бармеояд он ҷиҳати фарогирро доро мебошад ва арзишҳои муҳимми ахлоқиро дар навбати хеш дар худ ифода менамояд. Дар фаҳми эмин будан, он метавонад дар зери назари субъекти амалкунанда бехатар ва дар ҳифз буданро ифода намояд. Барои мисол вақте чизе, молиёте, ваколате ё масъулияте ба як субъект вогузор карда мешавад, ҷониби супоранда ба эмин мондани он боварӣ ҳосил менамояд. Дар сурати эмин нигоҳ надоштан субъекти қабулкунанда аллакай боварии субъекти супорандаро шикастааст, ки ин амал эҳтимолан заминаи зуҳуроти коррупсионӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ мегардад, дар сурате ки агар чиз, молиёт, ваколат ва масъулият тааллуқ ба аҳли ҷомеа дошта бошад. Он гунае ки зикр карда шуд мафҳуми «амонат» бар алайҳи «хиёнат» қарор дорад. Дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ даст задан ба амали коррупсионӣ як навъи хиёнате мебошад, ки субъекти дастдошта ба он бо мадди назар кардани боварии ба ӯ гузошташуда барои манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии хеш амал менамояд, ки зарари он ба субъектҳои амонатгузор мерасад.

Албатта арзишҳои ахлоқие чун ростиву дурустӣ, вафо ба аҳд, бошарафӣ, сидқу садоқат низ бори мазмунии зиддифасод доранд, ки тарбияи ҷавонон дар заминаи ин арзишҳои муҳим барои пешгирӣ аз коррупсия метавонад ба нафъи кор бошад.

Яке аз фаҳмишҳои маъмули коррупсия ин шикастани амонатҳои супурдашуда аз ҷониби шахси масъул мебошад, ки аз боварии мардум ва салоҳиятҳои ба ӯ вогузоршуда суистеъмол менамояд. Дар ҳолати истифода шудани салоҳиятҳои вогузоршуда барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳи амонатдорӣ шикаста мегардад, ки албатта он зуҳуроти коррупсионӣ аст.

Дар таълимоти мутафаккирони тоҷик оид ба муҳимияти арзиши амонатдорӣ андешаҳои ҷолибе ироа карда шудаанд. Барои мисол Унсурмаолии Кайковус амонатдориро чунин ташбеҳ намудааст, ки ҳатто инсони ба дуздӣ муттаҳам ба вайрон намудани он ҳаракат намекунад ва шикастани амонатдориро чун ноҷавонмардӣ мешуморад.

Дар абёти дигарон низ мо метавонем истифодаи мафҳуми амонатдориро мушоҳида намоем. Ба таври мисол якчанд абётро дар ин ҷо зикр менамоем.

Донаи дурр, ки амонат ба шумо додастам,

Он амонат ба ман эмин зи зарар боздиҳед.

                                            Хоқонии Шарвонӣ

Хок амину ҳар чӣ дар вай коштӣ

Бехиёнат ҷинси он бардоштӣ.

Ин амонат з-он амонат ёфтаст,

К-офтоби адл бар вай тофтаст.

                                          Ҷалолиддини Румӣ, Маснавӣ дафтари якум

Эй аминуддини раббонӣ, биё,

К-аз амонат руст ҳар тоҷу ливо.

                                         Ҷалолиддини Румӣ, Маснавӣ дафтари панҷум

Чу мушриф ду даст аз амонат бидошт,

Бубояд бар ӯ нозире баргумошт.

                                        Саъдии Шерозӣ, Бӯстон

Асарҳои ахлоқиву сиёсии пешгузаштагон дар самти тарбияи рӯҳияи амонатдорӣ метавонанд муҳим бошанд. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои олӣ дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба мавзуи амонатдорӣ ҳамчун арзиши муҳимми ахлоқӣ таваҷҷуҳ карда шавад.

Дарки фалсафию динии масъала низ метавонад барои шаҳрвандони кишвар, хусусан барои ҷавонон муҳим бошад. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки дар тарбияи рӯҳияи амонатдорӣ мутахассисони риштаҳои гуногуни илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илмҳои сиёсӣ, фалсафа, ҳуқуқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин самт фаъол будани қишри рӯҳониён низ тақозо мегардад, то ба тадриҷ мақоми арзиши амонатдорӣ дар ҷомеаи мо мустаҳкам гардад.

Дар шароити имрӯза зарур мешуморем, ки ба тарбияи рӯҳияи амонатдорӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар умум шаҳрвандони кишвар эътибори ҷиддӣ дода шавад. Танҳо бо нафарони амонатдор мо метавонем ояндаи беҳтареро барои мардуми кишвар бунёд гузорем ва рушди давлатдории миллиямонро тақвият бахшем. Зарур мешуморем, ки тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ дар тарбияти рӯҳияи амонатдорӣ миёни мардуми кишвар ҷалб карда шаванд ва фарогирии тарбияти ин консепсия дар ҷомеа ба роҳ монда шавад.

Солиев Ш.Х., номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

×