Top.Mail.Ru
Терроризми байналхалқӣ ва ифротгароии динӣ ҳамчун омили таҳдид баамнияти минтақаи осиёи марказӣ
Новости

Терроризми байналхалқӣ ва ифротгароии динӣ ҳамчун омили таҳдид баамнияти минтақаи осиёи марказӣ

Равандҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарчашмаи асосии таҳдид, ки зарурияти интегратсияи Авроосиёи Марказиро тақозо менамояд, сепаратизми миллӣ, минтақагароӣ, экстремизм ва терроризми байналхалқӣ маҳсуб меёбанд, ки сохтори конститутсионӣ ва ягонагии ҳудудии кишварҳоро зери хатар қарор медиҳанд. Амали ИМА ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудани он барои вайрон кардани Низомномаи СММ ҳамчун намуна баромад карданд, ки ба боло рафтани нуқтаҳои даргир, афзудани теъдоди низоъҳои ҳарбӣ, пурзӯргардии террор ва байналмилалигардии ташкилотҳои террористӣ дар минтақа мусоидат кард.

Терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ дар минтақа ҳамчун фактории нооромкунандаи вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва омили барангезандаи маҳалгароиву минтақагароӣ баромад менамояд. Инчунин дар афкори қисми аҳолӣ ҷахонбиние дар бораи он, ки бо ёрии яроқ амалӣ сохтани ин ё он мақсад, дар мисоли Тоҷикистон, зуҳур кард, ки дар он ба мухолифин муяссар шуд, ки ҳуқуқи иштирок дар идораи кишварро соҳиб гарданд. Ин ҳолат лидерони ҳаракати исломии Узбекистон, Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистонро ба амал алайҳи ҳокимияти расмии ин кишварҳо қувват бахшид, ки натиҷаи он ҷанги шахрвандӣ дар Тоҷикистон ва сар даровардани гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷангӣ дар солҳои 1999 ва 2000-ум ба ҳудуди Қирғизистон ва Узбекистон гардид. Тоҷикистон ба минтақаи анъанавии паҳни ислом мансуб буда, дар минтақа кишвари ягонае мебошад, ки ҳизби динии исломӣ дар раванди сиёсӣ фаъолона иштирок мекард. Боиси таассуф ва зикр кардан бамаврид аст, ки раванди соҳибистиқлолгардии Тоҷикистон бо воқеаҳои фоҷиавӣ, ки бо иштироки ислом дар муборизаи сиёсӣ алоқаманд буд, рӯ ба рӯ гардид.

Камбизоат гардидани аксари аҳолӣ яке аз сабабҳои асосии суръат гирифтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шуд. Ҳаракати «Ҳизб-ут-таҳрир», ки барои эҳёи халифат баромад мекунад, ба тамоми Қирғизистон паҳн шуд ва Қазоқистонро фаро гирифт. Тибқи маълумотҳо зери қаноти ҳизби номбурда ташкилотҳои динии радикалӣ паноҳ мебаранд, ки дар худ мақсади бо роҳи рушд додани маҳалгароӣ ва зӯрӣ ба даст овардани ҳокимиятро пеша мекунанд. Кӯшиши ҳукуматҳо дар мубориза алайҳи паҳн шудани ғояҳои экстремистӣ бо роҳи манъкунӣ ва чораҳои зӯрӣ тарафдорони ин зуҳуротро танҳо афзун кард.

Таҳдиди характери ҷангидошта нисбати амнияти минтақа сепаратизми уйғур маҳсуб меёбад. Ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пурзӯр шудани мубориза барои барқарор кардани давлати мустақили уйғурҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии автономии Синзяни Чин мусоидат кард. Нақшаи уйғурҳо ба Авроосиёи Марказӣ низ паҳн гашта, сепаратистон онро Туркистони Fарб ном мебаранд, ки гӯё аз ҷониби империяи Руссия бахшида (аннекция) шуда бошад. Дар ҳудуди мазкур фаъолияти минтақагароии якчанд ташкилотҳои самти сепаратистӣ ва террористӣ доштаи уйғурҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳаводиси моҳи майи соли 2005-ро дар Андиҷон баҳо дода, мутахассисон он далелро сарфи назар карданд, ки дар вилояти Андиҷон 14 ҳазор уйғурҳо иқомат мекунанд, ки ба мисли армияи 400-ҳазорнафараи диаспораи уйғурҳои Авроосиёи Марказӣ ғояи сохтани Уйғуристони мустақилро тарафдорӣ менамоянд. Андиҷон, Қӯқанд ва як қатор маконҳои аҳолинишини Қирғизистон бо Синцзяни ҷанубӣ ба доираи ғарбии паҳни сепаратизми уйғурӣ шомил мебошад. Ифротиёни мазҳабӣ ва сепаратистони уйғурӣ барои амалӣ сохтани мақсадҳои хеш террорро ҳамчун василаи мубориза васеъ истифода мебаранд.

Тибқи қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза алайҳи фаъолияти экстремистӣ» зери мафҳуми фаъолияти экстремистӣ фаъолиятии ғайриқонуние фаҳмида мешавад, ки он дар худ аз хидматрасонии иттилоотӣ сар карда то амали террористӣ, фаъолияти минтақагароӣ ва ғасби ҳукуматро фаро мегирад. Дар фаҳмиши мо экстремизм — ин рафтори тунди шахс, ки нишонаҳои он оштинопазирӣ ба меъёрҳои қобили қабули умум, майл ба ҳалли зӯрии муаммо, инкори консенсус ҳамчун василаи арзишнок дар амалия ва ниҳоят, инкори ҳуқуқи шахс ва арзишҳои ӯ мебошад.

Мутобиқан экстремизм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ-сиёсӣ яке аз шаклҳои муборизаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Моҳияти экстремизмро инкори ниҳодҳо ва сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии мавҷуда, кӯшиши вайрон кардани оромӣ, нест кардани тартиботи мавҷуда бо мақсади ба даст овардани ҳокимият ташкил мекунад. Дар фаъолияти хеш экстремистон усулҳои мухталифро мавриди истифода қарор медиҳанд, аз ҷумла, усулҳо ғайризӯрӣ, ба мисли шиорҳо, даъватҳо, баромад дар матбуот, суханронӣ дар митингҳо, баромади оммавӣ ва корпартоӣ, ҳар гуна амалҳои зӯрии легитимӣ, рушд додани маҳалгароӣ ва фаъолияти минтақагароӣ аз ҷумлаи бетартибиҳои муташаккил, актҳои итоат накардани гражданӣ, актҳои терроритӣ ва ғ. мебошанд.

Маълум, ки дар шароити муосир ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои амнияти миллии ҶТ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон экстремизм дар шаклҳои гуногунаш таҳдиди воқеиро ифода менамояд. Махсусан, экстремизми дар паси пардаи шиорҳои динӣ- мазҳабӣ амалкунанда, ки ба сар задану афзун намудани низои байниэтникӣ ва байнимазҳабӣ, сепаратизми минтақавӣ оварда мерасонад, басо хавфнок аст. Аз миёнаҳои солҳои 60-уми асри гузашта теъдоди равияҳои фундаменталистӣ дар ҷаҳон се маротиба зиёд гаштааст. Зери мафҳуми экстремизм дар аксар маврид зуҳуроти гуногунро мефаҳманд. Аз шаклҳои гуногуни муборизаи синфӣ ва озодихоҳӣ бо истифодаи зӯрӣ сар карда то ҷиноятҳое, ки аз ҷониби элементҳои ҷинояткор, агентҳои зархарид ва провакаторҳо содир карда мешавад, фаро мегирад.

Ғояи экстремизмро ҳамчун маҷмӯи ғояҳои радикалӣ ва ҷаҳонбинии назариявии моҳиятан чапгарои қатъӣ, ростгарои қатъӣ, миллӣ-экстремистӣ, сепаратистӣ, динӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва маънавӣ-психологӣ тасавур кардан мумкин аст, ки бо асоснокгардонии назариявии истифодаи ғайриқонунии зӯрӣ дар шаклҳои гуногун баҳри ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ баромад менамояд. Дар Конвенсияи Шанхай (Шанхай, 15 июни соли 2001) оид ба мубориза алайҳи экстремизм, терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроте баҳо дода мешавад, ки барои бо роҳи зӯрӣ ғасб ва ё тасарруф кардани ҳокимият, инчунин бо зӯрӣ дигар кардани сохтори конститутсионии давлат, таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷангӣ ва ё иштирок дар он сафарбар карда мешавад.

Ифротгароӣ ҳамчун зуҳурот дар якчанд маънӣ ифода меёбад. Якум, ҳамчун фаъолияти иттиҳоди ҷамъиятӣ ва динӣ ва ё дигар ташкилот ё воситаҳои ахбори омма, ё шахси алоҳида дар нақшагирӣ, ташкил, омодасозӣ ва амалисозии ҳаракатҳои ғайриқонунии бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ, бедор кардани ҳисси бадбинии нажодӣ, миллӣ ва динӣ, пиёда сохтани бетартибии оммавӣ, амалҳои зишт ва актҳои вандализми идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё динӣ ва ғайра фаҳмида мешавад.

Дуюм, ҳамчун ташвиқот ва намоиши оммавии рамзҳои маҳалгароӣ, миллатгароӣ ва минтақагароӣ.

Сеюм, ҳамчун даъвати оммавӣ ба амалисозии даъвои номбаршуда.

Чаҳорум, ҳамчун маблағгузории фаъолияти номбаршуда ва ё мусоидат кардан ба амали дигар.

Дар даҳсолаҳои охир экстремистон барои расидан ба мақсадҳои хеш бештар ба истифодаи актҳои террористии моҳияти динидошта машғуланд. Чунин далелҳои зиёд дар Кавкази Шимолӣ («ҷамоатҳои» исломии ваҳҳобия), Тоҷикистон (ҲНИТ), Ӯзбекистон (ҲИУ), Югославия, Шарқи Наздик (ДИИШ) ба назар мерасиданд. Мақсади асосии экстремизми динӣ қобили қабул шуморидани авлавияти дини худ ва забун кардани мазҳабҳои дигар ва даровардани онҳо ба мазҳаби худ маҳсуб меёбад. Ифротгароёни қатъӣ мақсади сохтани давлати алоҳидаро доранд, ки меъёрҳои ҳуқуқии онро бо меъёрҳои динӣ иваз менамоянд . Экстремизми динӣ бештар бо фундаментализми динӣ мегаравад, ки моҳияти он дар кӯшиши эҳёи асосҳои бунёдии тамаддуни «худӣ» ва тоза кардани он аз гароишҳои бегона иборат мебошад. Мухтассоти вежаи як қатор муассаҳои динӣ-сиёсии ғайридавлатӣ дар ниҳоди худ ду мазмун, яъне усули кушода ва махфиро ҷой медиҳанд, ки барои фиреби сиёсӣ ва тағйир додани усули хеш ҳангоми вазъи баамаломада қулай мебошад. Қисми исломи сиёсигардидаи тундгарои қатъиро аксар олимони Fарб ҳамчун исломгароӣ, ё худ исломи радикалӣ ва ё радикализми исломӣ, феномени иҷтимоӣ-сиёсии машғули минтақагароӣ арзёбӣ меноманд, ки он бо исломи анъанавии ҷаҳонӣ, ки дорои арзишҳои таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва дастрас ба ҳама қавму нажод мебошад, ягон қаробате надорад. Радикализми ислом ҳамчун доктринаи идеологӣ ва дар ин замина амалияи сиёсии он дар фаъолияти муассисаҳои мухталифи исломӣ татбиқ мегардад, ки дар ҳамин чаҳорчӯба ҳаракатҳои радикаливу минтақагароии исломӣ ташаккул меёбанд. Мухтассоти характерноки радикализми исломӣ иборат аз рад кадани ҷомеаи дунявии шаҳрвандӣ ва кӯшиши ивази он ба исломи шариатӣ, рад кардани ҷудогии дин аз сиёсат, зид гузоштани тамаддуни исломӣ ба ҷаҳони дигар, рад кардани ҳуқуқи байналхалқӣ мебошанд.

Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон бо баробари боло рафтани имконияти иқтисодии Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қувайт дар кишварҳои мусулмонӣ ваҳҳобизм фаъол гардид, ки воқеан ба такягоҳи идеологии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфт. Барои дастгирии ваҳҳобизм ва паҳну пахши ғояҳои ин таълимот миллиардҳо сум маблағ сарф мешавад, масчидҳо, марказҳои ВАО сохта мешаванд, отрядҳои махсуси ҷанговар, шабакаи агентурӣ ташкил гардиданд, ки амалан кулли ҷаҳони исломиро фаро мегирад ва мақсади он барқарор кардани хилофат дар кишврҳои мусулмонӣ ва баъд дар тамоми олам мебошад. Мазҳари идеологӣ ва рағбати сиёсии ваҳҳобизм дар заминаи пеш бурдани минтақагароӣ барқарор сохтани давлати теократӣ, муттаҳид сохтани мусулмонони Кавқози Шимолӣ дар пояи «исломи тоза», яъне ислом бидуни миллат, ки орӣ аз таъсири одат ва анъанаҳои миллӣ, боқимодаҳои бисёрхудоӣ аст, мебошад.

Омили динӣ ба ҳолат ва динамикаи муносибатҳои байналхалқӣ таъсири назарррас мерасонад. Идеология ва психологияи миллат ба таърихи дин иртиботи зич дорад. Дар шуури ҷамъиятӣ ва индивидуалӣ ин муносибат миёни этносҳо ва конфессияҳо дар аксар маврид ба наздикшавӣ ва ҳатто ба тавъамгардии миллату мазҳаб меорад.

Дин ҳамчун барангезандаи бузурги моҷарои байналмилалӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ, метавонад моҷароро тузутунд намояд, имкониятҳои созишро маҳдуд созад, онро ба задухурди дарозмуддати чанд авлоди минбаъда мубаддал гардонад. Босо андӯҳгин аст, ки омили конфессионалӣ дар заминаи шуури этникиву динӣ аз ҷониби ифротгароён дар Кавқози Шимолӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон фаъолона мавриди истифода қарор мегирад. Бо мақсади қонунигардонӣ ва ҷоннок кардани амалияи худ онҳо аз номи Оллоҳ таоло баромад карда, барои сохтани «ҷомеаи исломӣ» даъват мекунанд. Аммо ин моҷароангез будани динро, махсусан динҳои анъанавиро исбот намекунад. Чи тавре, ки дар тадқиқотҳои илмӣ дар ҳақиқат таъкид менамоянд, дин, ки ба режиму ҳаракатҳои тоталитарӣ хидмат мекунад, он ҳамеша натиҷаи манфиатҳои худхоҳӣ ва ғаразноки гурӯҳи одамон, ки динро ба мақсадҳои худ истифода мебаранд, маҳсуб меёбад.

Қайд кардан ба маврид, ки анъанаи куҳани истифодаи дин ва муассисаҳои динӣ бо мақсади минтақагароӣ аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ барои гузаронидани амалиётҳои тахрибкории мухталифро ба назари эътибор гирифтан лозим аст. Аз ҷониби онҳо ҳатто ташкилотҳои ба ном террористии худсохт ва гурӯҳҳои гӯё исломӣ сохта шуда, барои жарфтар сохтани рақобат миёни ҳаракатҳои ба онҳо нодаркор, анҷом додани аксияҳо дар нест кардани сиёсатмадорон, тахрибкорӣ, ки солҳои 90-ум дар Югославия ва Осиёи Марказӣ ба назар мерасид, истифода мебаранд. Маҳсули амалиёти онҳо дар ҳудуди кишварҳои ғарб низ ба назар мерасад.

Экстремизми этнокофессионалӣ ба таври зич бо сепаратизму минтақагароӣ алоқаманд буда, мақсади он ҷудо ва суст кардани як қисми давлат ва сохтани давлати нав мебошад. Аз рӯи қоида сепаратизмро ташвиқоти фаъоли идеологӣ пайравӣ мекунад. Дараҷаи тундӣ ва шаклҳои ифодаи сепаратизм дар кишварҳои гуногун ягона нестанд. Асосан сепаратистон ва минтақагароён се шакли ба мақсад расиданро истифода мебаранд: ҳаракати сиёсӣ, ки умуман усулҳои қонуниро истифода мекунанд. Дуюм, ҳаракатҳои радикалии катъӣ дар шакли муборизаи партизании мусаллоҳона, ё худ истифодаи усулҳои террор ҳамчун воситаи ҳалли мақсади асосӣ. Сеюм, шакли омехта, ки дар худ ҳам усулҳои ошкоро ва ҳам пинҳонии мубориза алайҳи ҳокимияти марказиро ифода мекунад.

Масъалаи мубориза бо сепаратизм ва минтақгароӣ дер боз дар Хитой (ҶАСУ, Тиббет) дар мадди назар аст. Проблемаи мазкур солҳои 90-ум дар пешорӯи Федератсияи Руссия ба вуҷуд омад. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ методҳои террористии муборизаро сепаратистони чечен ба худ касб карданд, ки бо мадади экстремистони исломӣ кӯшиши ҷудо кардани Кавқози Шимолӣ аз ФР ва сохтани ба ном «тасмаи исломиро» карданд. Ба сифати заминаи идеологӣ онҳо дар фаъолияти хеш омили диниро интихоб карданд, ки он аз паҳн кардани ғояҳои исломи радикалӣ дар ҳаёти ҷамъиятии халқҳои мусулмони минтақа иборат мебошад. Шӯриши мусаллаҳона шакли махсуси экстремизм мебошад. Вай метавонад ҳамчун шӯриш ва ё ҳамчун муқобилияти мусаллаҳона алайҳи ҳукумат фаҳмида шавад. Ҷинояти мазкур, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ таҳдид мекунад, ҷинояти махсус маҳсуб меёбад. Ҷавобгарӣ ба ҷиноятҳои зерин, ба мисли даъват ба шӯриши мусаллаҳона, ташвиқот ва истифодаи усулҳои тахрибкорӣ, зӯроварӣ дар қонуннигории аксар кишварҳои дунё пешбинӣ шудааст. Масалан, дар кодекси Шведсия барои ҷиноят алайҳи давлат ҳабси якумрӣ муайян шудааст.

Асоси заминаи ҳуқуқии мубориза ба ҳар як шакли экстремизм дар кишвари мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ташвиқ ва тарғибро, ки ҳисси бадбинӣ ва душмании иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё диниро бедор месозад, инчунин ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки мақсад ва амали онҳо ба роҳи зӯрӣ тағйир додани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва зери хатар гузоштани амнияти давлат равона мегардад, манъ мекунад.

Дар конститутсияи Япония таъкид ёфтааст, ки ҳеҷ ягон муассисаи динӣ аз давлат ягон имтиёз бояд надошта бошад ва он соҳиби ҳокимияти сиёсӣ шуда наметавонад. Иштироки ҳеҷ кас ба маъракаҳои динӣ, иду маросим маҷбурӣ намебошад. Давлат ва мақомоти вай бояд аз таълими динӣ ва ягон фаъолияти динӣ худдорӣ намояд.

Муносибати сарсарӣ ба масъалаи ренессанси динӣ, махсусан дар минтақаҳои афзалияти ислом ба мақсад мувофиқ нест. Шарти муҳими муқобилияти пурмаҳсул алайҳи ҳар як навъ экстремизми динӣ ва миллатгаро коркарди барномаи комплексноки умумидавлатӣ маҳсуб меёбад, ки на танҳо самти ҳифзи ҳуқуқ, балки самти сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва ғайра, ки дар ҷомеа ба гирифтани пеши роҳи бедор кардани ҳисси радикализатсияи кайфияти динӣ ва миллӣ мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, сабабҳои боло рафтани кайфияти экстремистӣ, ки ба тамоюли сепаратистӣ, маҳалгароиву минтақагароӣ ва амали террористӣ заминаи хуб тайёр мекунад, маълуманд, танҳо иродаи сиёсӣ баҳри амалисозии муносибати системавӣ дар коркарди аксуламал алайҳи терроризм ва экстремизми байналхалқӣ беш аз ҳарвақта зарур аст.

Таҳлили тамоюли минтақагароидоштаи ривоҷи терроризми байналхалқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки манзили асосии он имрӯз ба Осиёи Марказӣ интиқол ёфтааст ва кишварҳои ҷанубии Иттиҳод аз нигоҳи мавқеи геополитикӣ дар пеши хати мубориза бо ин зуҳурот қарор гирифтаанд. Воқеоти Боткенти соли 1999, зада даромадани гурӯҳи мусаллаҳи ғариқонунӣ ба Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар соли 2000, амалҳои террористии Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон дар сентябри соли 2015 самти фаолияти ШОС-ро дар соҳаи амният алайҳи мубориза бо терроризм, сепаратизм, минтақагароӣ ва экстремизм тағйир дод. Тезутундгардии таҳдиди терроризму экстремизм маҷбур месозад, ки системаи байналмилалии мубориза алайҳи ин ҳодисаи номатлуб ва ҷобаҷогузории неруҳои давлатҳои мухталиф ба мӯҳлати дароз дар сатҳи боло чораҳо андешад. Ба ин муносибат Конвенсия оид ба мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм (соли 2000) имзо шудааст. Мутобиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод аз 21 июни соли 2000-ум «Оид ба аксуламал алайҳи терроризм дар ҳошияи Саммити Истамбулии САҲА» ҳуҷҷатҳои барномавӣ оиди ташкили Маркази антитеррори давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ тасдиқи худро ёфтааст. Мунтазам як бор дар ду сол «Барномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ ва дигар зуҳуроти зӯровари экстремистӣ» коркард мешавад.

Якубов Ҷ.К., мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

×