Top.Mail.Ru
Мафҳум ва моҳияти ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ
Новости

Мафҳум ва моҳияти ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб дар ҷаҳони муосир ва мутамаддин ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳурот ва падидаи номатлубу манфиро гиранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин росто истисно нест.

Тоҷикистон зиёда аз 34 сол аст, ки дар фазои истиқлолияти сиёсӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ арзи ҳастӣ намуда истодааст. Тараққиёту пешрафти мустақилона дар баробари афзалиятҳо, инчунин баъзе зуҳуроту омилҳои манфӣ низ дорад, ки яке аз онҳо ин содиршавии коррупсия дар намунаи мафҳум ва моҳияти ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебошад.

Мехостам сараввал каме оид ба мафҳум, моҳият ва муқовимат намудан ба коррупсия маълумот пешниҳод намоям. Зуҳуротҳои дар боло зикргардида имрӯзҳо ба яке аз муаммоҳо ва таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти бештари кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифтаст ва дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф зоҳир мегардад. Онҳо монанди дигар зуҳуротҳои зиддиҷамъиятӣ, коҳишдиҳандаи қонуният, адолат ва боварии мардум ба давлат буда, аз ин лиҳоз боиси ташвишу нигарониҳои сиёсию ахлоқӣ дар ҷомеа мегардад. Мубориза бо коррупсия ва ба он монанд ҷиноятҳои коррупсионӣ кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия дар мамлакат гирифта шавад.

Имрӯзҳо коррупсия дар ҷамъияти тоҷикон бо вуҷуди муқовиматҳои шадид нишон додани давлату ҳукумати Тоҷикистон, амалан қариб, ки ҳамчун як ҷузъ ва ё қисми фарҳанги миллии тоҷикӣ гардидааст.

Метавон бо ақидаи Б.В. Волженкин розӣ шуд, ки қайд менамояд, ки солҳои охир амалан ягон ҳуҷҷатеро, ки хусусияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳолати сиёсидошта мебошад, ҳамчунин, ҳолати корҳо бо сатҳи ҷинояткориро дар Россияи муосир ёдовар нашудани мафҳуми коррупсия ғайриимкон аст. Айнан ҳамин ҳолатро метавон дар Тоҷикистон низ қайд кард, ки баъди ба эътидол овардани баҳсҳои дохилии низомнок дар байни вазифаҳои асосии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия ҷои назаррасро ишғол менамояд.

Вобаста ба ин ҳолат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша қайд менамоянд. Аз ҷумла, дар Паём ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26.12.2018 сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд”.

Барои самаранок гардидани муқовимат ба коррупсия қабул ва амали намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие лозиманд, ки бояд чунин ҷиноятҳои коррупсиониро пурра ва ҳаматарафа маҳкум намуда, барои мусоидат намудан шароити мусоид фароҳам оварда тавонанд. Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: «Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ». Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Инчунин, дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сӯйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. СММ дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардида, ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд, муттаҳид гардонидааст. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ — 9 декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.

Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид. Бори дуюм бошад, баъди ба анҷом расидани муҳлати амали ин санад боз «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30.08.2013 сол, таҳти №1504 дар асоси фармони Президенти ҶТ қабул гардид, ки фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва баратарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.

Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҶТ дар асоси «Стартегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (минбаъд СМР-2030) низ солҳои охир тақвият ёфта истодаанд. Бояд қайд кард, ки СМР-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 01.12.2016 сол, таҳти №636 тасдиқ шудааст.

Масъалан, мувофиқи ин «Стратегия» машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР-2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо: (1) маориф; (2) тандурустӣ; (3) шуғл; (4) нобаробарӣ; (5) мубориза бар зидди коррупсия; (6) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; (7) идоракунии самаранок; (8) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (9) пешгирии низои эҳтимолӣ; (10) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд. СМР-2030 дар назар дорад, ки барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайянсозии вазифаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад.

Бинобар ин, дар СМР-2030 масъалаҳои тақвияти рушди институтсионалӣ дар самти таъмини самаранок, шаффоф ва назорати идоракунӣ ва молиявии зиддикоррупсионӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар ҳамаи сатҳи идоракунии давлатӣ, дар маҷмӯъ бунёди модели идоракунии технократӣ ва меритократӣ (шоистасолорӣ) дар кишвар дар мадди аввал гузошта шудаанд. Барои тақвият додани нақши ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти иҷтимоии бизнес дар раванди назорат ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ тадбирҳо оид ба коҳиш додани фишори маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, кам кардани ҷузъи коррупсионӣ, аз ҷумла дар асоси рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд.

Қайд кардан ба маврид аст, мувофиқи банди 7, сархати 8-и Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии ҶТ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013 сол, таҳти 492 тасдиқ шудааст, яке аз мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ин беҳтаршавии сифатии ҳолати воқеии ҷинояткориро ба даст овардан, аз ҷумла паст кардани сатҳ ва сохти хатари ҷамъиятии намудҳои алоҳидаи он: ҷинояткориҳои ретсидивӣ, муташаккилона, террористӣ, ғаразнок, коррупсионӣ, экстремизм, бо роҳи зӯровари содиршаванда ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон пешбинӣ шудааст.

Моҳияти коррупсия дар он ифода мегардад, ки вай тартиби муқарраршудаи фаъолияти дастгоҳи давлатиро вайрон месозад, ки дар натиҷа дигаргуншавии (деформатсияи) ҳокимият ба амал меояд, яъне:

Коррупсия маблағҳои калонҳаҷмро аз тараққиёти иҷтимоӣ дур карда, буҳрони буҷаро афзун менамояд ва иҷроиши барномаҳои давлатиро мушкил месозад. Аз ин лиҳоз дар ҷамъият ченаки ҳама чиз пул мешавад, аҳамияти инсон бо андозаи дороии шахсии вай, новобаста аз шаклҳои ба даст овардани он баҳо дода мешавад, ин бошад боиси девалватсияи қоидаҳои ахлоҳ, ҳуқуқҳои динӣ, афкори ҷамъиятӣ ва ғайра мегардад;

Оқибатҳои манфии коррупсия: — қонун беқудрат ва беамал мегардад, дар шуури ҷамъиятӣ таассурот оид ба ҳимоянашаванда будани шаҳрванд ҳам дар назди ҳокимият ва ҳам дар назди ҷинояткорӣ ташаккул меёбад;

-                Коррупсия — ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъиятӣ ба манфиати гурӯҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳқиршудаи аҳолӣ, бошиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимоӣ дар давлат мусоидат мекунад;

-                Ҳуқуқҳои баробар барои гирифтани маълумот, бахусус маълумоти олӣ бинобар паҳн шудани ҳодисаҳои ришвахӯрӣ, бартарияти шаклҳои пулакии таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар натиҷа гирифтани чунин маълумот барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ғайриимкон гаштааст вайрон карда мешавад;

-                Ба имконияти ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ба адолати судӣ нигоҳ накарда, дар баъзе ҳолатҳо коррупсия ба баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди суд, баррасии беғаразона ва одилонаи парвандаҳо дар судҳо мамониат мекунад.

Яке аз намудҳои ҷиноятҳои коррупсионие, ки дар давоми солҳои охир бештар ба чашм мерасанд, аммо рӯйпӯш (латентӣ) мешаванд, ин ҷинояти дар моддаи 324-и Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинишуда, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебошад. Барои дақиқ ва дуруст муайян намудани мафҳум ва моҳияти ҷиноӣ-ҳуқуқии ягон меъёр чун қоида пеш аз ҳама зарур аст, ки моҳияти иҷтимоӣ-иқтисодии ҳолатҳои қонунгузорӣ, инчунин тафсири дуруст ва пурраи он дар мувофиқат бо принсипҳо ва институтҳои муайяни ҳам соҳавӣ ва ҳам илмии ҳуқуқи-ҷиноятӣ ошкор карда шавад.

Дар ҳаёти рӯзмараи инсоният калимаҳои «мукофот», «ҳадя», «ҳавасманд кардан» бисёр паҳн гардида, бештар вақт мавриди истифода қарор мегирад. Бо вуҷуди ин, чунин калимаҳо на ҳама вақт ба маънои мантиқии худашон истифода бурда мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо ин калимаҳоро ба маънои калимаҳои «туҳфа» ва «ҳадя додан» наздикидошта айният мекунанд. Дар истифодаи ин мафҳумҳо дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳам ягон тартиби ҷиддӣ ба назар намерасад. Калимаҳои «ҳадя» ва «мукофот» мантиқан камубеш танҳо дар доираи бо ном назарияи «ҳуқуқи мукофотӣ» истифода бурда мешавад, ки он таърихан чунин шуд, ки бо назарияи анъанавии ҳуқуқи ҷазодиҳӣ ҳамеша муқобилият мекард ва то ҳол муқобил мебошад. Маҳз дар доираи ҳамин назария (назарияи ҳуқуқи мукофотӣ) одатан ба туҳфаҳо ва ҳадя доданҳо намояндагони соҳаҳои гуногуни донишмандони илмӣ аллакай муддати зиёда аз се садсолаи охир мешавад, ки диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Акнун вақти он расидааст, ки аз ҷониби муаллиф дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиҳати таъсири манфӣ расонидани он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳои махсус ва қатъӣ пешниҳод карда шаванд. Барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш аз ҳама лозим аст, ки ҳам аз ҷониби мақоми қонунгузории кишвар ва ҳам аз ҷониби тамоми қишри аҳолӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон механизмҳои махсус барои пешгирӣ намудани онҳо бояд коркард карда шаванд. Пешгирӣ ва муборизаро бар зидди коррупсия дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, мақомоти хифзи ҳуқуқу назорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ ба амал мебароранд.

Вазифаи ҳокимияти қонунгузор дар ин соҳа таҳияи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва ташаккули заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия мебошад.

Ҳокимияти иҷроия дар навбати худ вазифадор аст, ки ислоҳотҳои зиддикоррупсионӣ гузаронад, қоидаҳо ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ таҳия карда, амалӣ созад, фаъолияти муътадили мақомоти махсусгардондашударо бобати пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия таьмин кунад, ба ташаккули ҳокимияти иҷроия ва хадамоти шаҳрвандии ғайрикоррупсионӣ мусоидат кунад.

Вазифаи ҳокимияти судӣ нигаҳдории ҳокимиятҳои қонунбарору иҷроия аз сӯиистифода, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз худсарӣ ва поймолкуниҳо, ҷазо додани коррупсионерҳо ва мубориза бар зидди коррупсия дар муҳити худ мебошад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти махсуси зиддикоррупсионӣ вазифадоранд, ки далелҳои коррупсияро ошкору пешгирӣ ва тафтиш карда, сабабҳо ва шароитҳои ба амал омадани коррупсияро омӯзанд ва таҳлил кунанд, оид ба осон кардани равандҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ, ки имконият медиҳанд, шароитҳо барои коррупсия камтар гарданд, пешниҳодҳо таҳия созанд, ба аҳли ҷомеа дар бораи ҳодисаҳои коррупсия ва вазъи корҳо дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия маълумотҳо манзур намоянд, ба маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон кӯмак расонанд.

Муҳиддинов А.Д., омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 

×