Солҳои охир зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба муаммои хатарнок табдил ёфта, ба амнияту суботи ҷомеа хатари ҷиддиро эҷод намуда истодаанд. Дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср барои инсоният хатарҳои зиёде таҳдид намуда истодааст, ки хатари он аз силоҳи ядрои кам нест.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд карда шудааст, ки: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».
Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Аврупо, Африкои Шимолӣ ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти департаменти ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ ба амал меояд.
Бояд қайд кард, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта ҳизбу ҳаракатҳои «Таҳрир», «Салафия», «Ваҳҳобия» ва дигарҳо пайдо гардида, ба сохтори конститутсионии давлатҳо хатарҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварданд.
Терроризми динӣ аз навъҳои асосӣ ва хавфноктарини фаъолияти террористӣ ба шумор меравад. Асоси онро ғояҳои зиёди динӣ ташкил медиҳад, ки он бо усулҳои гуногун ба ҷомеа паҳн карда мешавад.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон терроризми динӣ дар натиҷаи омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба амал омада, дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ душвориҳои зиёдро барои ҷомеа ба вуҷуд овард.
Терроризми динӣ ҷонибдори ташкил намудани ҷанги муқаддас, ташкил намудани инқилоби исломӣ ва таъсис додани давлати теократӣ буда, баҳри он фаъолият менамояд.
Бояд қайд кард, ки барои вусъат гирифтани ҷараёни терроризми динӣ сарчашмаҳои иделогӣ поягузорӣ намуданд. Яке аз сарчашмаҳои идеологӣ ин таълимоти ваҳҳобизм мебошад, ки ин таълимот дар асри XVIII пайдо гардидааст ва асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуваҳҳоб мебошад.
Таълимоти ваҳҳобия ҳамагуна навовариҳоро дар ислом рад менамояд ва барқарор кардани бунёдгароии исломиро тарғиб менамояд.
Яке аз сарчашмаҳои дигари идеологии экстремизми исломӣ ғояҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошад, ки аз тарафи Тақиюддини Набаҳонӣ таъсис дода шудааст. Ғояи асосии он аз ташкили давлати исломӣ дар шакли «хилофат» иборат мебошад. Бояд афзуд, ки дар кори васеъ паҳн шудани терроризм ва экстремизм дар баробари дигар сабабҳо сиёсати дугонаи баъзе давлатҳои абарқудрат мусоидат намуд.
Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки дар натиҷаи чунин сиёсат дар Афғонистон ташкилоти Ал-Қойида бо роҳбарии Усама Бен Лодан ва дар Ироқу Сурия гурӯҳи ҷангиён бо роҳбарии Абӯбакри Бағдодӣ якчанд сол амалиёти зиёди террористӣ ташкил намуда, вазъиятро дар Шарқи Наздик хеле хавфнок гардонидаанд.
Тавре маълум аст, Абӯбакри Бағдодӣ, ки соли 2013 ба ном «Давлати Исломии Ироқ ва Шом»-ро ташкил дода, даъвои дар тамоми Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ таъсис кардани давлати исломиро дошт.
Дар натиҷаи амалиёти бомароми қӯшунҳои давлати Руссия дар Сурия гурӯҳи террористии Абӯбакри Бағдодӣ торумор карда шуд ва хатари барҳамхӯрии давлати Сурия бартараф карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо хавфнок будани сиёсати дугонаро нисбати терроризм дар суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Истифодаи сиёсати дугона ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои зиёдеро байни эътимодҳои ҳизбу сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳониро боз ҳам ноором месозад».
Оре, зуҳуроти номатлуби террористӣ-экстремистӣ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири калони манфӣ расонида, оқибатҳои ногувор дорад. Раванди сиёсии ҷаҳони муосир талаб менамояд, ки бар зидди онҳо бояд тамоми давлатҳои сайёра собитқадамона мубориза баранд.
Конститутсия, ки қонуни асосии давлат ба шумор меравад, ба таври равшану возеҳ қайд менамояд, ки таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ менамояд, манъ аст. Зеро чунин амалҳо оромию суботи ҷомеаро халалдор намуда, хатарҳои зиёдро ба давлату миллат ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ҳама гуна зуҳуроти хатарноку номатлуби ҷомеа, ки қонун ва тартиботро халалдор менамояд, дар доираи меъёрҳои конститутсия фаъолият намуда, дар ҷодаи таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.
Одинаев А., н.и.т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон