Top.Mail.Ru
Ёде аз устод Мусулмониён
Новости

Ёде аз устод Мусулмониён

Хотироти ходими давлатӣ ва донишманди шинохта Саймумин Ятимов бо номи «Марде шоиста ва зиёе истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ» («Омӯзгор», 03.12.2025) ҳақиқатеро барои мо таъкиду хотиррасон мекунад, ки дар ҳама давру замон хоинону ноҷавонмардон аз дилсофию дониши қисмате аз зиёиёни миллӣ ба хотири пиёдасозии ғаразҳои худ истифода мебаранд. Профессор Раҳими Мусулмониён аз зумраи чунин донишмандон ва зиёиёне буданд, ки дили соф доштанд, ҳамаро мисли худ мепиндоштанд, андешаву рафторашон ҳамеша ба миллату Ватан тааллуқ мегирифт.

Муаллифи «Ёддоштҳо» шахсияти қаҳрамонро чунон боҳунарона ба қалам додааст, ки симо, донишу маърифат, тарзи суханронии устод Раҳими Мусулмониён бо тамоми салобату шаҳомат пеши назар меояд. Ман, ки аз дарсу суҳбати устод баҳра гирифтаам, ба воқиеяти тасвиру суханони муаллиф комилан мувофиқам: «Профессор намегуфт, аммо ман итминон доштам, ки мисли ҳама инсонҳои пок ӯ дигаронро низ бофта аз матои худ гумон мекард.»

Сангин ГУЛОВ, устоди факултети журналистикаи ДМТ

×