Профессор Раҳими Мусулмониён дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз дӯстдоштатарин устодони ин даргоҳи илму маърифат буданд. Донишҷӯён медонистанд, ки худи устод соле, ки ба донишгоҳ ҳуҷҷат месупоранд, ба сабаби нарасидани хол, розӣ мешаванд, шаш моҳи аввали таҳсил дар ин факултет ҳамчун «сомеъ» дар дарсҳо ширкат варзанд. Сомеъ ба донишҷӯе гуфта мешуд, ки ҳамчун донишҷӯ санаде надорад ва агар тавонад санҷишу имтиҳонҳои нимсолаи аввалро бо муваффақият супорад, он вақт ректор фармони донишҷӯ шуданашро содир мекунад. Профессор Раҳими Мусулмониён аз ин имтиҳони зиндагӣ мегузарад ва на танҳо донишгоҳро зафармандона хатм мекунад, балки баъди хатми донишгоҳ ба яке аз устодони варзидаю донишманд ва пухтакори ин факултет табдил мегардад.
Хотираҳои донишманду адиб Саймумин Ятимов дар бораи ин олими маъруф чеҳраи воқеии профессор Раҳими Мусулмониёнро ба хонанда муаррифӣ мекунад. Аз мутолиаи ин ёднома ба чунин натиҷа мерасем, ки ин шахсияти бузурги дорои қалби меҳрубону ҳассос, дар ғурбат аз дилу нияти нопоки ҳамандешони собиқаш пай бурда, худро аз онҳо канор мегирад. Алайҳи дурӯғпароканию таҳрифкориҳои баъзе аз зиёиёни ҳамсафаш, ки дар бораи Ватани азизаш Тоҷикистон дар расонаҳои Эрон нашр мекарданд, аз номи худ посухи дандоншикане медиҳад. Дар он солҳо ҳанӯз маълум набуд, ки қудрат дар Тоҷикистон ба дасти кӣ меафтад: ба мухолифони исломӣ ё ҳукумати қонунӣ. Алайҳи мавқеъгирӣ ва дидгоҳи як идда аз «зиёиён»-и ба зери чатри нуфузи исломгароён қарордошта, алайҳи ҳамандешони собиқи худ садо баланд кардани профессор Мусулмониён воқеан қаҳрамонист.
Бовар дорам, ки баъди мутолиаи ин навиштаи Саймумин Ятимов тасаввури бисёре аз касоне, ки устод Раҳими Мусулмониёнро мешинохтанд, комилан дигаргун мешавад. То ҳол баъзеҳо бар ин бовар буданд, ки устод бо ҳадафу ғарази роҳ ёфтан ба қудрат дар зери сояи мухолифини исломӣ худро ба майдони сиёсат задааст. Акнун хонанда мефаҳмад, ки бо вуҷуди пайвастан ба сафи мухолифон ва тарк кардани кишвар, профессор Раҳими Мусулмониён аз роҳи пешгирифтааш пушаймон шуда, дар фикри ислоҳи ин иштибоҳи худ будааст ва дар ин роҳ собитқадамона пеш рафтааст. Бо таваҷҷуҳ ба фишорҳои равонӣ аз сӯйи мизбонон ва ҳамсафони мухолифаш дар он солҳо дар Эрон, оғози ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва ситоиши меҳру муҳаббати Ватан ва дифои қотеона аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ аз тарафи устод Раҳими Мусулмониён воқеан сутуданист!
Чунин шахсиятҳо дар сахттарин шароиту вазъият дар ҳифзи Ватани азизи худ садо баланд мекунанд ва ин мояи ифтихору сарбаландии ҳамаи афроди огоҳу равшанзамир хоҳад буд. Ин хотираҳои С. Ятимов барои он муҳим ҳастанд, ки дар онҳо сафҳаҳои норӯшани корномаи як олими пухтакору нуктасанҷ дар замони зиндагияш дар ғурбат дар Эрон басо мӯшикофона ва дақиқ тасвир шудааст.
Ин ёднома барои арзёбии дурусти фазою муҳити он солҳо, бахусус, шинохти зиёиёни «фирорӣ»-и тоҷик ва ташхиси дидгоҳу андешаҳои онҳо кумак мекунад.
Суҳроб ЗИЁ, рӯзноманигор