Дар таърихи ҳар миллат афроде ҳастанд, ки на танҳо шоҳиди рӯйдодҳои сарнавиштсоз, балки иштирокчии мустақим будаанд. Онҳо зиндагии шахсии худро аз сарнавишти давлат ва миллат ҷудо намебинанд. Асари “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов маҳз дар ҳамин руҳия навишта шудааст. Он на чун хотира, балки ҳамчун ҳуҷҷати зиндаи таърих, бозгӯкунандаи роҳи пурпечу тобест, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар давраҳои муайян бо душвориҳо паси сар намудааст.
Муаллиф аз зумраи шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, илмӣ ва амниятии кишвар ба шумор меравад. Дар ин асар дар баробари инъикоси зиндагии шахсӣ, воқеаҳои бузурги миллиро, ки худ шоҳиди бевосита будааст, ҳамчун сабақи таърихӣ ва ахлоқӣ барои наслҳои имрӯзаю оянда манзур месозад. Китоб барои наврасону ҷавонон ва ояндагони миллат як мактаби андеша ва таҷрибаи омӯзанда мебошад.
Ёддошти муаллиф, ки дар бораи яке аз ходимони илмии кишвар меравад, саривақтӣ, хонданибоб ва ибратомӯз аст. Муаллиф ҳодисаи воқеиро нақл мекунад, ки аз як ҷониб омезиши хираду таҷриба ва аз ҷониби дигар таззод аст.
Муаллиф иброз медорад, ки қаҳрамони ӯ олим асту бо тадқиқоташ аз солҳои ҷавонӣ ошност. Нексиришту хоксору ҳалим ва зудбовару дилсоф аст, аммо дар баробари ин ба эҳсосот тез дода шуда, ба фитна ва доми гурӯҳҳои ғаразкор муддате пойбанд гаштааст ва аз ин карда сахт пушаймон аст. Ҳамаро мисли худ гумон намуда, бовар кардааст. Иштибоҳи ӯ низ маҳз ҳамин будааст. Ҷанг идомаи сиёсат мебошад ва охири ҳар ҷанг сулҳ аст.
Таърихи башарият дар худ тавлид, рушд ва заволи чандин давлату қудратҳои бузургро ҳамчун нақш дар санг бармало сохтааст.
Давлатсозӣ раванди мураккаби бунёди институт, қоида ва механизмҳои идораи ҷамъият мебошад ва ҳар миллат ҳуқуқи таърихиву маънавии бунёди давлатдорӣ мебошад.
Мавҷи пуртӯғёни таърих охирин давлати мо тоҷикон - давлати Сомониёнро ба коми нестӣ раҳсипор кард. Маҳз ҳамин шикаст, тулонитарин бохти миллати тоҷик дар арсаи давлатдорӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Замони пеш аз эҳёи давлати миллии мо ба ҳукмронии Иттиҳоди Шуравӣ рост меояд. Дар бомдоди бунёди ин абарқудрат, имконияти эъмори давлат буд, аммо чуноне ки таҷрибаи талхи таърихӣ нишон медиҳад, муддати ҳазор соли бедавлатӣ аз ирсияти мо санъати идора дарки имконияти беназири бунёди давлати миллиро гирифта, буҳрони мудирият ба миён овард. Истиқлолияти давлатӣ ба даст омад, аммо ваҳдати миллӣ дертар.
Баҳр аз боли мухолиф мешавад шӯридатар,
В-аз насиҳат мастро ҳушёр кардан мушкил аст.
Муътақид намудани аз масири нодуруст баргаштани қаҳрамони қисса як дараҷаи баланди хирадсолорӣ ва зиракии дипломатии муаллиф мебошад. Дидгоҳи фарох, зеҳни илмӣ ва таҷрибаи бузурги таҳлил ва роҳи ҳалли низоъ услуби кори ӯ будааст.
Қаҳрамони ӯ моҳияти аслии миллии худро гум накардааст, аммо аз сабаби надоштани зиракии сиёсӣ сангари нодурустро интихоб намудааст. Сангаре, ки пояи ҳувиятмеҳвар надошт ва заволи бебаҳс мунтазираш буд.
Роҳ додан ба эҳсосот, сади роҳи кори қаҳрамони қисса гаштааст. Хӯйи вобастагӣ, ки дар ҷараёни давраи тулонии бедавлатӣ ба миён омада буд, боварии фардии номбурдаро аз байн бурда буд, ки ин амал барои фарди миллӣ бо дидгоҳи давлатмеҳвар ҷоиз нест.
Рамазонӣ ДАВЛАТОВ, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон