Баъзан як хотира, як матн, як нақли воқеӣ қудрате дорад, ки солҳову асрҳо дар ёду қалби мардумон маҳфуз бимонад. Чунин ёд, ҳарфҳои самимӣ ва пурэҳсоси марди роҳи хизмат, донишманди асил Саймумин Ятимов, ки аз боби рӯзгори мардум бо такя ба фаъолияти кориаш дар ноҳияи зебоманзари Рӯшон навиштааст, ҳар як хонандаро тасхир месозад, вуҷудашро ба ҳаяҷон меорад.
Дар ин ёдномаҳо одамони одӣ – аммо бузургтарин сарватҳои миллат – зинда мешаванд: марди рустои баландкӯҳ бо нангу ори тоҷикӣ, зани меҳнатқарин ва поквиҷдон, ҷавоне, ки бо шарофати инсоният қуллаҳои баландтарини кӯҳро фатҳ мекунад, кӯдаке, ки аз ҳамон деҳа умед ва ояндаи миллатро таҷассум мекунад.
Ин хотирот танҳо дар бораи як маҳаллу минтақа не, балки дар бораи ақлу виҷдони миллатанд. Онҳо ба ёд меоранд, ки мо кистем, аз куҷо омадаем ва чаро бояд Ватани худро дӯст дорем. Дар замоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз дурӯғ, таҳриф ва бадбинӣ саҳифаҳоро зер кардаанд, ақлҳоро гӯл мезананд, чунин навиштаҳои самимию эътиқодофар қимати беназир доранд.
Ин хотираҳо ба мову ояндагони мо мегӯянд: Бадахшон сарзамини одамони одӣ нест, сарзамини инсонҳои бошараф аст, ки муносиботи инсонӣ, одоби муошират, суннати меҳмондорию меҳмоннавозиро аз дили худ омӯхтаанд, на аз китоб.
Ин мардум ҳамеша чунин буданд: бо нон кам, вале бо дил пур; бо хона камбағал, вале бо виҷдон сарватманд; бо роҳҳои душвор, вале дар ҷодаи аз меҳр саршор.
Муаллиф Саймумин Ятимов ин ҳақиқати зиндагиро бо зеботарин вожаҳо ва равшантарин шева баён кардааст. Навиштааш дар пояи некиҳою ростиҳои мардум бунёд шуда, бо нӯги қалам болои саҳфа рехтааст, дилҳоро ба ҳам наздик мекунад ва мардумро барои рӯоварӣ ба ҳақиқат бедору талқин месозад.
Мардуми кӯҳистон ҳамеша сутуни амнияти давлат будаанд. Дар он рӯзҳое, ки иддае мехостанд мардумро гумроҳ кунанд, кишварро ба бероҳа баранд, мардуми кӯҳистон - аз Рӯшон то Ванҷ, аз Шуғнон то Ишкошим бо нангу виҷдони тоҷикӣ ва бо иродаи бовиқор ба мубориза бархостанд. Собит сохтанд, ки Ватан аз Бадахшон шурӯъ мешавад, аз Боми Ҷаҳон неру мегирад.
Таърих дар 34 соли охир нишон дод, ки хоинон мегузаранду устувории Ватан боқӣ мемонад. Дурӯғҳо талош менамоянд, то ҷомеаро пароканда созанд, вале ҳақиқат ва адолат ҳамеша пирӯз мешаванд. Кӯшишҳо барои тафриқаандозӣ сурат мегиранд, вале ҳатман хунсо мегарданду ваҳдати миллӣ поянда мемонад.
Ин сабақ моро муътақид месозад, ки танҳо бо ҳифзи ваҳдат, эътимод ба давлат ва муттаҳидии ҷомеа метавонем ҳар гуна хатари дохиливу хориҷиро пас гардонем ва ояндаи дурахшону босаодати миллату давлати худро таъмин кунем.
Қаҳрамонони “Ёддоштҳо”-и адиб Саймумин Ятимов ҳамин воқеиятро ба мо меомӯзанд ва вафодорию садоқатро нисбат ба миллати тоҷик ва меҳани азизамон талаб мекунанд. Қудрати каломи муаллиф ҳақиқатан одамонро ба ҳам наздик мекунад, миллатро бедор месозад, воқеиятро рӯйи авроқи сафед мерезад ва моро ба як чиз даъват мекунад: якҷо бошем, якдигарро бишнавем, ба ҳақиқат такя кунем ва ба Ватан содиқ бимонем.
Файзуллобек Тоҷинисо Ҷангибек, сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ