Пораеро аз “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов таҳти сарлавҳаи “Қиссаи паҳлавон Девлох ва Сафари “Каҷала” дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мутолиа намудам. Он қадар дар ин офаридаи ҷолиб фурӯ рафтам, ки гумонам осори публитсистии устод Садриддин Айниро бо забони шевою оммафаҳм, содаву хеле шавқовар қироат дорам.
Матлаби муаллифи қисса таҷассуми иттиҳоду иттифоқи тамоми миллати тоҷик, бахусус ҷавонон новобаста аз макони тавлидашон, ойини ҷавонмардии дар замири онҳо якумра нақшбаста, омодагии онҳо барои гузашту бахшидани ҳамдигар дар сахттарин лаҳзаҳо мебошад.
Қиссаи ба сари паҳлавон Девлох бо чойник задани Сафар, узрпурсии охирин ва таҳаммулпазирию гузашти Девлох мактабест барои ҳар як ҷавони муосири тоҷик. Яъне, ҷавонӣ худ як марҳилаест, ки ҳар як инсон метавонад ба ҳар коре даст занад. Аммо инсонгароию одамият бояд ҳаргиз фаромӯш нашавад, чуноне ки тибқи ёдоварии муаллиф, паҳлавон Девлох умре дар хотираш онро ҳифз карда.
Мо дар овони кӯдакӣ дар бораи Девлохпаҳлавони Вамдӣ шунида будем, ки гӯштингири номӣ будааст. Лекин аз дафтари ёддоштҳои Саймумин Ятимов нисбат ба ин шахси номдор, ҷавонмардиҳову камбудиҳои ҳаёташ маълумоти бисёре гирифтем, ки ҳамсолону дӯстони паҳлавон Девлох онро тасдиқ мекунанд.
Бар замми ин, адиб бо тамоми санъати сухан урфу одатҳои мардуми Бадахшонро ба риштаи тасвир мекашад. Шояд барои насли имрӯза ҷолибтар аз ҳама он аст, ки муаллиф мегӯяд: “хонаҳо миёни ҳамсояҳо девор надоштанду дарҳо бе қуфл буданд”. Дар ҳақиқат, он рӯзҳо ҳусни ҳамсоядорӣ болотарин арзиш буду дуздӣ дар деҳот қариб, ки набуд.
Аз меҳмоннавозии мардум ва дигар одату анъанаҳои мардуми таҳҷоӣ дар “Ёддоштҳо” оварда шудааст, ки ҳанӯз ҳам дар байни мардум роиҷ аст.
Вақте ин қиссаро хондам, бори дигар дар тахайюлот ба асри 20 баргаштам. Ба ёдам рӯзҳое омаданд, ки дар деҳаи Барӯшон тамоми паҳлавонони номии ноҳия ҷамъ меомаданд ва тамоми мухлисони гӯштини миллӣ интизори майдондории паҳлавон Девлох мешуданд.
Вақте ӯ вориди майдони гӯштӣ мегардид, ҷамъомадагон ба ваҷд меомаданду бо завқи тамом мухлисӣ мекарданд.
Сипоси беандоза ба муаллифи “Ёддоштҳо” барои ин матлаби аҷибу хонданӣ. Ин қисса, пеш аз ҳама, инъикосгари меҳри самимӣ ва эҳтироми хоссаи ӯ нисбат ба Бадахшон ва кулли сокинони ин диёр - як гӯшаи зеботарини Тоҷикистони азизи мо аст.
Холиса САИДХОНОВА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон