Даъват ба лексияи кушод 04 Августа 2019 11:00:00


БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 

Даъват ба лексияи кушод 

16 августи соли 2019, 16:00 – 17:00 

Мавзуи лексия:  "Сатҳи рутбаи эътибори қарзӣ  ва таъсири он ба арзиши қарзҳои давлатӣ "

Дар лексияи мазкур ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ва муқоисаи он бо нишондиҳандаҳои дигар, азҷумла, муайян кардани ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД, нисбати он ба ҳаҷми содироти молу хизматрасониҳо, нисбати он ба даромади умумии буҷет, муқоисаи он бо хароҷоти давлат ба соҳаҳои алоҳида ва инчунин муқоисаи нишондиҳандаҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд кишвари дигаре, ки бо Тоҷикистон қобили муқоиса ҳастанд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҷолиби ҷайд аст, ки идораи дурусти қарзи давлатӣ ва истифодаи мақсадноки он яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад. Қарзи давлатӣ, ки асосан барои пӯшонидани касри буҷет ва маблағгузории соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ гирифта мешавад, набояд то он дараҷа зиёд ё гаронарзиш бошад, ки барои хизматрасонии он харҷи зиёд шавад ва таъсири манфии он ба рушди иқтисод ва сатҳи зиндагии аҳолӣ расад. Роҳҳои гуногуни арзёбии ҳолати қарзи давлатӣ вуҷуд доранд, ки умдатарини он ҳаҷми қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад. Охири соли 2017 қарзи давлатӣ ба 40.3 дарсад расид, ки ин хароҷоти буҷет барои пардохти фоизҳои қарзи берунаро дар соли 2018 ду баробар зиёд мекунад.

Лектор: Меҳр Собириён, ходими калони илмии Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2018-2019 дар Маркази байналмилалии омӯзиши омори Институти омори Ҳиндустон аз руйи барномаи Назария ва амалияи омор таҳсил кардааст. Мавзуъи пажуҳишиаш дар ҳоли ҳозир “Марҳилаҳои рушди иқтисодии Ҷопон” мебошад. Зиёда аз чиҳил мақола дар мавзуъҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва фалсафӣ дар рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расонидааст.

Макони чорабинӣ: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи “Серена”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 17, ошёнаи дуюм, толори “Нилуфар”.

Забони чорабинӣ:  тоҷикӣ - русӣ

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд.

_________________

Барномаи лексияи кушод  

15.30 – 16.00  Бақайдгирии иштирокчиён / кофе – брейк

16.00 – 16.05  Сухани ифтитоҳӣ, Камолиддинов Манучехр, ҳамоҳангсози барномаи «Идоракунии молияи давлатӣ», ИҶК БМ дар Тоҷикистон 

16.05 – 16.35  Муаррифии “Сатҳи рутбаи эътибори қарзӣ  ва таъсири он ба арзиши қарзҳои давлатӣ”,  Меҳр Собириён.

16.35 – 17.00 Саволу ҷавоб

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть