Эрони таърихи ва хатти порси 13 Апреля 2019 13:00:00


Таърихан Эрон ин минтакаи калони чугрофи ба хисоб рафта он таърихи зийода аз 4 хазорсола дорад. Дар ин маврид давлатхои гуногун ба мийон омада сохти демографии минтака аз омади нажодхои гуногун бою гани мегардид. Чойгир шавии Эрон дар яке аз марказхои роххои тичоратии Евроосиё ба он имконият дод, ки тули таърих шахрхои нихоят зийод хамчун маркази иктисодиву тичорати, фархангиву-сиёси ба мийон оянд. Махз мардуми форс ва форсзабон аз нимаи хазораи яки то милод дар минтака хукмронии сиёсиву маданиро пеша намуда дар натича забони худро хамчун забони расмии ин минтака чори намуданд. Бояд кайд намуд, ки миллати форси пешина аз гурухи форсизабониёни имруза фарки назарас дорад. Форсиёни ахди Хахоманишиён ва Сосониён гурухи этникие буданд, ки бо идрок ва зиракиву чолоки мардумони хамсоятабори худро зери тассаруф дароварда дар натичаи хукмронии тулони забон ва оину мазхаби хешро пахн менамуданд. Табиист, ки ин фосила бо омезиши хешу табори анчом йофта тули хазорсола форс ва форсизабониён аз минтакаи Осиёи Хурд то ба сархади гарбии Хитойи имруза пахн гардиданд. Дар худуди номбаршуда айни хол миллатхои сершумор вучуд доранд, ки новобаста аз забону мероси фархангии форсиён бахраманд гардидаанд. Ба чуз аз ин миллате мисли точикон аз кишвархои Осиёи Миёна (Точикистон, Афгонистон, Узбекистон, Киргизистон) ва Руссияву Хитой ин забонро на форси балки точикиву-дари номбурда хамчун забони модарии худ мешуморанд. Дар натичаи печу-тоби ходисахои таърихи тули асри XX хати ин мардум зери таъсири талаботи замон мавриди дигаргуни карор гирифт. Новобаста аз ин мардуми номбурда бо хисси хоси фархангдустии худ ин мушкилиро паи сар намуда адабиёту забони модариашонро ба куллахои нави маънави расониданд. Дар айни замон даххо хазор номгуи адабиётхо бо ин хат аз чоп баромада дастраси хонандагони мутахасиссхои зиёди мавчудаи имруза корор дорад.

Дар ин асос пешкаши Анчумони порсиён оиди баргаштан ба мероси хатти ачдодон гарчанд, ки асоси маънави дошта бошад локин айни замон на танхо гайри имкон балки зиёнрас низ мебошад. Миллионхо нафар аз дастовардхои илмиву фарханги асри XX то имруз истифода мебаранд ва ин процесси зиндаву пешравандаро зери таъкиби дагиргуни карор додан хатари зиёди маънави дорад.      

Мудири кафедраи
таърихи умуми, н.и.т. Раззоков Ф.А. 

Возврат к списку



Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть